Нест осон бурдани бори сухан…

Кайҳо боз месохтам дар бораи навиштаҳои эҷодкори ҷавон Маликаи Бахтиёр андешаҳоямро рӯйи коғаз оварам. Ва хушбахтона, китоби тозанашри ҳикояҳои мавсуф бо унвони «Нони ҳалол» дастрасам шуд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо эҷодкорони самарқандӣ Маликаи Бахтиёрро чун адибаи тозақадам шиносанд, журналист ва муштариёни рӯзномаҳо ӯро ба сифати рӯзноманигори дақиқназару рангинхаёл медонанд ва инак, Малика ҳамчун омӯзгори навҷӯю навовар миёни донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ эҳтиром дорад.
То имрӯз китобҳои Маликаи Бахтиёр бо номҳои «Бонувони хонадони Гулханӣ», «Зевари дунёст набера» дастраси хонандагон гардидаанд. Маҳсули қалами ӯ дар як қатор китобҳои дастҷамъӣ низ чоп шудаанд.
Ин ҷо мехоҳам, дар асоси маҷмӯаи «Нони ҳалол» дар бораи ҳунари эҷодии Малика кам ҳам бошад, изҳори назар намоям.
Китоби «Нони ҳалол» тавассути нашриёти «TURON-IQBOL» бо теъдоди 1000 нусха чоп шудааст.
Меҳру муҳаббат, ватандӯстӣ, одамгарӣ, накӯкорӣ, поктинатӣ, дӯстиву рафоқат, эҳтироми волидон, ростиву росткорӣ, қадр­шиносӣ ва ҳоказо аз мавзӯъҳое мебошанд, ки дар ҳикоя ва ҳаҷвияҳо мавқеи ба худ хос доранд.
Вақте ки ҳикояҳои китобро, аз ҷумла «Обу арақи хиҷолат», «Саёҳат», «Нони ҳалол», «Ношукрӣ», «Миёнадевор»-ро мехонед, пеши рӯ ҳаёти имрӯзаи мардум, муносибати баёниҳамдигарии онҳо намоён мешавад. Дар аксари ҳикояҳо, бахусус, ҳаҷвияҳо иллатҳои ҷомеаи имрӯза ошкоро баён гардидаанд.
Агар дар ҳикояи «Обу арақи хиҷолат» дар бораи на сират, балки суратпарастиву беандеша фикр баён кардани одамон зикр гардида бошад, дар ҳикояи «Саёҳат» тамаъҷӯйӣ, чашмгуруснагӣ, ҳаромхӯрӣ ва дигар иллатҳои ашхоси манфӣ дар симои Аминҷон Ҷабборович мазаммат карда мешаванд. Дар ҳикояи «Ношукрӣ» аз тақдири Хадичакампир нақл карда мешавад, ки «ба миёни гапу кори» духтарони худ даромада, аз «донистаи худ намонда», онҳоро бадбахт кард ва дар охир аз кардаи хеш пушаймон шуд. Дар анҷоми ҳикоя Хадичакампир, ки баҳри арӯси худ бадиҳоро раво дида буд, танҳо мемонад. Ба қавле ба сазои худ, ҷазои муносиб мегирад ва аз кардаи хеш афсӯс хӯрда, мехоҳад «нав­ҳаандозӣ кунад». Мутаассифона, дер шуда буд ва пушаймонӣ суде надошт.
Маликаи Бахтиёр дар ҳикояи «Миёнадевор» муносибати фарзандонро ба модари худ тасвир карда, мехоҳад қадру манзалати инсонро нишон диҳад. Мутолиаи ҳикоя касро водор месозад, ки волидонро қадр созанд, аз ҳоли онҳо хабар гиранд ва дар дами пирӣ асои дасташон шаванд, то мӯҳтоҷу дастнигарон нагарданд ва ба коре даст назананд, ки «шармандагӣ» биёрад.
Ҳангоми мутолиаи ҳикоя ва ҳаҷвияҳои китоб кас бевосита дарк мекунад, ки он аз тарафи эҷодкорзан нақл карда мешаванд.
Мо дар аксари ҳикояву ҳаҷвияҳо муносибати байни хушдоман ва арӯсро мебинем. Масалан, дар ҳаҷвияҳои «Аҳволпурсӣ», «Келини бе дасту панҷа», «Киноя», «Гилагузорӣ», «Келини зӯр» ва ғайра, дар ҳикояҳои «Ношукрӣ», «Миёнадевор» муносибати байни келин ва хушдоман дар вазъ ва ҳолатҳои гуногун тасвир шудааст. Гоҳо хушдоман чун зани оқила ва чашмикордону оқибатандеш намоён шавад, гоҳ арӯси хонадон хоксору сабур инъикос мегардад ва дар баъзе ҳикоёту ҳаҷвияҳо баръакси инро мушоҳида мекунем.
Инчунин, дар аксари ҳаҷвияҳо иллатҳое, ки имрӯз миёни ҷавонон бештар ба назар мерасанд, зери тозиёнаи танқид қарор мегиранд. Рафтори ношоиста, гуфтори номатлуб, характери ноҷо, дуруштӣ ва ҳаракати дағалонаи ҷавонон тасвир карда мешавад, ки аз мутолиаи онҳо кас ба андеша фурӯ меравад. Мекӯшад аз он барои худ хулоса барорад ва аз чунин рафтору кирдори ноҷо канораҷӯӣ намояд.
Ҳангоми мутолиаи китоби «Нони ҳалол» кас пай мебарад, ки Маликаи Бахтиёр «дар ҷустуҷӯи эҷодӣ устувор аст. Ба воқеаю рӯйдодҳои зиндагӣ нуқтаи назараш дигаргун шуда, сабақи эҷодӣ меомӯзад ва қаламаш то рафт сайқал меёбад».
Эҷодкори ҷавон дар интихоби мавзӯъ, тарзи тасвир, образофарӣ ва устухонбандӣ аллакай маҳорат пайдо кардааст. Мо инро дар мисоли ҳикояи «Нони ҳалол» аз назар мегузаронем.
Аз «воқеоту банду басти ҳикоя аллакай ба асари калонҳаҷм навиштан тайёрӣ дида истодани» Маликаи Бахтиёр эҳсос мегардад. Дар ин ҳикоя якчанд образҳо тасвир шудаанд. Қаҳрамони асосӣ Маҳбубамоҳ ва амаке буд(номи образ зикр нагардидааст), ки дар «як бинои хурдакаки хизматрасони компутерӣ» кор мекард. «Ӯ як марди тахминан шастсола буд. Мисли баъзеҳо ишкам надошт. Рӯяш борику пурожанг, чашмони мешии хаёлпарешон ва мӯйи сараш мошубиринҷ буд. Ба назар дағал ва дуруштгап менамуд».
Дар ҳикоя ғайр аз ин ду образ, боз як қатор персонажҳо, аз ҷумла, падару модари Маҳбубамоҳ, Пӯлод (сардори коргоҳ), Илҳом (корманд) тасвир шудаанд. Ҳикоя хонандаро ба меҳнатдӯстӣ, ҳалолкорӣ, саховатмандӣ ва дур будан аз каҷрафториву ғалаткорӣ даъват мекунад. Маҳбубамоҳ меҳнати ҳалол намуда, бо заҳмати сидқидилонаи худ пул ба даст меорад. «Охир, одам аз ҷое, ки нон мехӯрад, ҳалол карда хӯрад» хуб аст. Амак ин духтаракро эҳтиром мекард, ки ҳатто духтарон ба вай «ҳасад мебурданд». «Ягон гапу хоҳиш»-и ӯро «рад намекард.» Банду басти воқеоти ҳикоя хуб аст ва анҷом низ таъсирбахш хотима ёфтааст. Маҳбубамоҳ дар анҷом ба коми дил мерасад, ки ин ҳама натиҷаи меҳнати сидқидилонаи вай буд. Яъне, тӯҳфае барои ҳаракати фидокорона.
Бо вуҷуди ин дар ҳикоя хато ва камбудиҳо низ ба назар мерасанд.
Нависанда Кадзуо Исигуро, ҷоизадори мукофоти «Нобел» дар равияи адабиёт (соли 2017) пешниҳод мекунад, ки «агар як ҷумла, ҳарчанд ҳам олӣ ва бехато аст, мавзӯи мавриди назари шуморо ба маъное тозаву муфид инъикос накунад, онро ихтисор кунед».
Аз ҳамин назар ба ҳикоя нигарем, дар он чунин ибора ва ҷумлаҳое, ки бояд ихтисор шаванд, бештар ба назар мерасанд. Масалан «саҳар катӣ хеста» (саҳар хеста), «дар вақти хӯрда истодан» (вақти хӯрдан), «ба паҳлӯям омада менишаст» (дар паҳлӯям менишаст) ва ғайра. Инчунин, ҷумлаи «Баъзеҳо ба телефонҳояшон сурудҳо сабт (!) мекарданд. Ҷавонон суруду оҳангҳои ҳозираро пурсанд, калонсолон сарояндагони классикиро меписандиданд». Агар ин ҷумларо комилан ихтисор кунем ҳам, чизе бой намедиҳем.
Инчунин, дар давоми ҳикоя номи ду образ – Замира ва Равшан оварда шудааст. Аз ибтидо то интиҳои ҳикоя дар бораи ин образҳо дар дигар ягон ҷо ишора карда намешавад ва хонанда намефаҳмад, ки манзури эҷодкор чист. Ин ду кӣ ҳастанд: корманд ё мизоҷ?
Дар ҳикоя воқеаи аз кор рондани Илҳом (яке аз персонажҳо) тасвир шудааст. Дар ҳамин маврид зикр мегардад, ки «аз ин рафтори амак сукунати(!) тазъиқоваре ба миён омад. Компутерхона гӯё ба гӯристон табдил ёфт. Моро тарсу ваҳм фаро гирифт (Чаро?). «
Инчунин, дар ҳикоя хатоҳои имлоӣ низ ба назар мерасанд. Аз ҷумла, «пуроҷинг» (пурожанг), «баракс» (баръакс), хушсару либос (хушсарулибос) (саҳ.18) ва ғайра.
Бояд гуфт, ки хомаронӣ заҳмати фаровон дорад ва на ҳар кас ин бори суханро то ба манзили мурод мерасонад. Маликаи Бахтиёр аллакай дар ин шоҳроҳ бо эътимод қадам мегузорад ва умед дорем, ки дар ин роҳи заҳматталаб ба комёбиҳо сазовор гардида, дар оянда бо асарҳои ҷолибу мароқангези хеш баҳри рушду такомули адабиёт саҳм мегузорад ва дар муҳити адабии Самарқанд мавқеи худро мустаҳкамтар месозад.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ