Дар Самарқанд шаҳракҳои зебои замонавӣ қад рост мекунанд

Мутахассисон яке аз омилҳои асосии афзоиши аҳолиро ҳаёти тинҷу осоишта ва хотири ҷамъи одамон аз ояндаи худ медонанд. Солҳои охир дар вилояти Самарқанд чун дар тамоми Ҷумҳурият миқдори аҳолӣ афзуд. Ҳоло сокинони вилоятамон беш аз чор миллион нафар шуданд. Табиист, ки раванди мазкур бо хонаву ҷо таъмин кардани оилаҳои навбунёд ва беҳдошти шароити зисти бисёр одамонро тақозо мекунад.
Солҳои охир дар вилояти мо дар ин самт чӣ хел корҳо анҷом дода шуданд?
Аз оғози истиқлол бо андаке беҳ шудани вазъи иқтисодии ҷумҳурият дар ин самт таҳияи лоиҳаҳо ва сохтмони биноҳои бисёрқабатаву котреҷҳо оғоз шуд. Ин амалҳо пас аз қабули қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 22-юми ноябри соли 2016 «Дар бораи чораҳои дар солҳои 2017–2020 дар шаҳрҳо амалӣ кардани барномаи сохтмону тармими хонаҳои бисёрқабатаи арзон» таҳти рақами ҚП‑2660 ва бар асоси барномаи соли 2018-и қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 23-юми октябри соли 2017 таҳти рақами ҚП‑3350 вусъат ёфт.
Дар асоси ин қарорҳо барои гурӯҳи ба хонаву ҷой мӯҳтоҷи аҳолии шаҳри Самарқанд дар мавзеи Қаросув 32-то бинои 7-қабатаи иборат аз 1344 хона бунёд намуда, аз охири моҳи декабри соли 2018 оғоз карда, ба шаҳрвандон супурданд ва онҳо аз моҳи январи соли 2019 дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд.
Сипас, филиали ҶММ «Қишлоқ қурилиш инвест» дар Самарқанд ҳамагӣ 12-то бинои 5-қабатаи иборат аз 360 хона, яъне барои аъзои Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва Садорати вазъиятҳои фавқулодда 1-тогӣ бинои аз 30 хона иборат, ходимони Садорати корҳои мудофиа 6-то бинои аз 180 хона иборат, ходимони Садорати корҳои дохилӣ 4-то бинои аз 120 хонадон иборатро пасу пеш сохта, аз моҳи март ба соҳибонашон супурд.
Бар асоси барномаи соли 2019-уми қарорҳои мазкури Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар мавзеи Қаросув 13-то бинои 7-қабатаи иборат аз 546 хонадон бунёд гардида, аз охири моҳи октябри соли 2019 одамон дар онҳо истиқомат мекунанд.
Филиали ҶММ «Қишлоқ қурилиш инвест» дар Самарқанд дар охири соли 2019 сохтмони 12-то бинои 5-қабатаи иборат аз 360 хонаро анҷом дода, он аз 14-уми январи соли 2020 зина ба зина ба ходимони идораҳои ҳуқуқу тартибот супурда мешавад.
Аз 2-юми марти соли 2020 то имрӯз ҶММ «Агромир-­Билдингс» биноҳои 12, 14 ва 16 — қабатаи ҳамагӣ аз 4554 хона иборатро зина ба зина сохта, ба соҳибонаш месупорад.
Баробари ҳамин, дар мавзеи Қаросув сохтмони мактаби рақами 81 давом дорад. То ҳол барои сохтмони ин муассисаи таълимӣ 31 миллиарду 300 миллион сӯм сарф карда шудааст. Муассиса барои 1680 хонанда пешбинӣ шуда, дар он майдонҳои гимнастика, кушода ва пӯшида, толори фаъолон мавҷуд мебошад. Ба истифодабарӣ супурдани мактаб дар моҳи январ пешбинӣ шудааст.
Дар мавзеи мазкур 2 муассисаи таълими томактабӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла, ташкилоти ғайридавлатии таълими томактабии Sam Intellekt IQ, ки онро дар соли 2019 ҶММ «Ӯткир Човқо» сохтаасту (9, миллиард сӯм) барои 235 бача пешбинӣ шудааст, имрӯз ҷамоаи кӯдакистон бо сарварии А. Тошева беш аз 120 нафар кӯдак таълиму тарбия мегиранд.
Дар ин муассисаи ғайридавлатии таълими томактабӣ ҳоло маҳфилҳои забонҳои русӣ, англисӣ, японӣ ва немисӣ, инчунин рақс, гимнастика, шиноварӣ ва дигарро ташкил кардаанд.
Дар ин кӯдакистон 6-то айвончаи тобистона, толори варзиш ва зали мусиқӣ мавҷуд аст. Инчунин, ба қарибӣ мувофиқи иловаи 6-уми қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 10-уми январи соли 2020 «Дар бораи чораҳои ривоҷдиҳии инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2020–2022» таҳти рақами 4565 ташкилоти таълими томактабии рақами 50-ум, ки дар қаламрави ҶШМ «Обод маскан» воқеъ аст, пас аз тармим ба истифодабарӣ супурда шуд. Арзиши объект 2874,7 миллион сӯм буда, барои 120 бача (4 гурӯҳ) пешбинӣ шудааст.
Ҳамаи ин корҳо далели он аст, ки солҳои охир барои қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ба хонаву ҷой корҳои назаррас амалӣ карда мешаванд. Агар дар оғози барпо кардани мавзеи «Қаросув» дар ин ҷо биноҳои 5-қабата сохта бошанд, ҳоло бинокорон таҷриба андӯхта, биноҳои 16-қабата ва аз он баландтарро низ месозанд. Чунин амалҳоро яке аз аввалинҳо шуда ҶММ «Агромир-­билдингс» оғоз кард. Чунки он дар бинокорӣ таҷрибаи калони муайян андӯхтааст. Бесабаб нест, ки ҷамъияти масъулияташ маҳдуди мазкур ғолиби озмунҳои сохтмони биноҳои бисёрқабата барои субъектҳои тадбиркорӣ эълоншуда гардидааст. Аз ҷумла, «Агромир-­билдингс» ба рӯйхати ташкилотҳои пудратӣ дохил карда шуд, ки ғолиби озмуни барои интихоби субъектҳои тадбиркорӣ роҷеъ ба сохтмони биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ дар соли 2020 дар қишлоқҷойҳо, ки бар асоси фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 28-уми ноябри соли 2019 «Дар бораи чораҳои иловагӣ роҷеъ ба такмили механизми кредити ипотекавӣ» таҳти рақами ФП‑5886 аз ҳисоби маблағҳои «Бонки тараққиёти Осиё» бо мақсади дастгирии аҳолӣ барои оилаҳое, ки даромади калон надоранд ва ба беҳдошти шароити хонаву ҷо эҳтиёҷманданд месозанд, шудаанд. Ин биноҳоро дар мавзеи Мерганчаи ноҳияи Ургут (се бинои 12-қабатаи 60-хонагӣ), мавзеи Чароғбони ноҳияи Тайлоқ (ду бинои 12-қабатаи 60-хонагӣ) ва мавзеи Қаросуви ноҳияи Самарқанд (се бинои 16-қабатаи 80-хонагӣ) барпо мекунанд.
Азбаски биноҳои 12-қабата ва аз он баландтарро дар Самарқанд бори аввал месохтанд, баъзе норасоиҳои ҷузъӣ низ рӯй доданд. Дар мавзеи Қаросув сокинон аз мунтазам кор накардани лифтҳо шикоят мекарданд. Вале ин норасоӣ бо таъмини қувваи барқ вобаста аст. Бо шинондани трансформаторҳое, ки талаботро ба қувваи барқ қонеъ мегардонад, ин норасоиҳо барҳам дода шуданд.
Мутахассисон ҳангоми сохтмони чунин шаҳракҳои ҳамрадифи шаҳрҳои калон таҷрибаи хориҷиро омӯхтанд. Онҳо дар ин масъала ба чунин хулоса омадаанд, ки шаҳракҳоро дар масофаи камаш 30 километр аз шаҳрҳои калон сохтан ба мақсад мувофиқ аст. Аз ин рӯ, чунин биноҳоро ҳоло дар ноҳияҳо, аз ҷумла дар мавзеъҳои Чароғбон ва Мерганча месозанд.
Хулоса, дар вилоятамон шаҳракҳои зебои дорои инфрасохторҳои замонавие қад рост мекунанд. Умед аст, ки онҳо албатта, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва хушбахтии одамон хизмат мекунанд.

Баҳодур РАҲМОНОВ,
Мирзо МАСЪУЛ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ