Маконҳои исломии Афғонистон дар феҳристи мероси ҷаҳонӣ

Ба гузориши хабаргузории Шафақнои Афғонистон, Созмони Ҷаҳонии Исломӣ барои омӯзиш ва парвариш, улум ва фарҳанг (ICESCO) бо интишори баёнияе эълом кард, ки 66 макони таърихӣ-мазҳабии Афғонистонро ба феҳристи мероси ҷаҳони ислом афзудааст.

Едрас мешавем, ки дар Афғонистон бештар аз 15 ҳазор масҷид фаъолият дорад ва мардум ба 20 ҳазор мазор ва маконҳои муқаддас назру ниёз мекунанд.

Аз ҷумла, оромгоҳи ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (дар Мазори Шариф), макони нигоҳдории хирқаи ҳазрати Муҳаммад (с) (дар Қандаҳор), Масҷиди Сахӣ (Кобул), Мақбараи Охундзода (Ҷалолобод), Масҷиди Ҷомеъ (Ҳирот) зиёратгоҳи мардуманд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ