ХАБАРИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ ҶАМЪОМАДИ УМУМИИ ДАҲУМИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИСИ ҶУМҲУРИятИ ӮЗБЕКИСТОН

18 декабри соли 2020 дар Тошканд ҷамъомади умумии даҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба кори худ шурӯъ кард.
Дар кори ҷамъомади умумӣ, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони ВАО ширкат варзиданд.
Ба кори ҷамъомади умумӣ Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева роҳбарӣ кард.
Кори ҷамъомади умумӣ мустақиман тавассути веб-сайти расмӣ ва саҳифаҳои Сенат дар шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин шабакаи телевизионии «Uzreport» пахш карда шуд.
Пас аз тасдиқи рӯзномаи ҷамъомади умумӣ сенаторон ба муҳокимаи масъалаҳои баррасишаванда шурӯъ карданд.
Аъзои Сенат Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2021»-ро муҳокима карданд. Қонун пешгӯиҳои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии соли 2021, ки Буҷаи давлатиро муттаҳид намудааст, инчунин дастурҳои буҷетро барои солҳои 2022-2023 муайян мекунад.
Самтҳо ва нишондиҳандаҳои асосии сиёсати макроиқтисодӣ дар асоси фарзияҳое, ки пандемияи коронавирус дар соли оянда идома хоҳад ёфт, ташаккул меёбанд.
Ҳамзамон, диққати асосӣ ба нигоҳ доштани суботи макроиқтисодӣ, ба эътидол овардани чораҳои ҳавасмандгардонии фискалӣ ва таъмини рушди иқтисодӣ дар сатҳи аз 5 фоиз боло равона карда шудааст.
Тибқи пешгӯиҳо, тамоюли коҳиши инфлятсия идома хоҳад ёфт ва соли оянда он дар ҳудуди 10 фоиз хоҳад буд.
Дар назар дошта шудааст, ки ин нишондиҳандаҳои рушд аз ҳисоби идомаи сифатии ислоҳоти сохторӣ, ки дар ҳар як соҳа оғоз ёфтаанд, ба даст оварда мешаванд.
Бо назардошти ин, пешгӯӣ шудааст, ки дар соли 2021 даромади буҷети муттаҳид 178,5 триллион сӯм ё дар сатҳи 25,9 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад.
Муайян карда шудааст, ки дар соли 2021 даромади Буҷаи давлатӣ 147,2 триллион сӯм ё 21,3 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки даромади фондҳои эътимодноки давлатӣ 26,2 триллион сӯм, хароҷот — 40,8 триллион сӯмро ташкил медиҳад.
Муқаррар карда шудааст, ки аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ба фондҳои мақсадноки давлатӣ 15,9 триллион сӯм ҷудо карда мешавад.
Аз ҷумла, пешбинӣ шудааст, ки аз буҷа 14,7 триллион сӯм ҷудо карда мешавад, дар ин ҳол даромади Фонди нафақаи ғайрибуҷавӣ 23,5 триллион сӯм, хароҷот — 36,5 триллион сӯм хоҳад буд.
Ғайр аз он, ба нақша гирифта шудааст, ки маблағҳои Буҷети давлатӣ ба соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла, 34,6 триллион сӯм — соҳаи маориф, 19,6 триллион сӯм — соҳаи тандурустӣ, 2,6 триллион сӯм — барои хароҷоти соҳаи фарҳанг ва варзиш, 1,2 триллион сӯм — барои рушди минбаъдаи илм равона карда шавад.
Дар доираи барномаҳои давлатӣ ҷудо намудани маблағ барои рушди таҳсилоти муттасил — 2 197 миллиард сӯм, татбиқи барномаҳои рушди илм — 168 миллиард сӯм ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ — 3 952 миллиард сӯм пешбинӣ шудааст.
Ғайр аз он, бояд қайд кард, ки мувофиқи Қонун бори аввал дар доираи чораҳое, ки ба пурзӯр гардондани назорати ҷамъиятӣ ва парлумонӣ нигаронда шудааст, супоришоти алоҳида дар буҷети тақсимкунандагони буҷети сатҳи якуми маблағҳое, ки ба барномаҳои давлатӣ ҷудо мешаванд, пешбинӣ шудааст.
Қонунро сенаторон маъқул донистанд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати такмил додани раванди буҷа «тадбирҳо оид ба такмили низоми буҷа ва раванди буҷет»-ро баррасӣ намуданд. Бо қонуни мазкур чораҳо оид ба такмил додани низоми буҷа ва раванди буҷа муайян карда мешавад.
Амалӣ кардани ин тадбирҳо бо роҳи ворид намудани тағйироти дахлдор ба Кодекси буҷет ва Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо» ва «Дар бораи ҳисоби муҳосибӣ» пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон, иловаҳо ба Кодекси буҷет татбиқи ҷаримаро нисбат ба шахсони мансабдори роҳбарикунандаи вазорату идораҳо дар ҳолатҳои вайрон кардани тартиби таъмини шаффофияти раванди буҷа муқаррар мекунанд.

Тағйирот ба Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ ворид карда мешаванд, ки татбиқи ҷаримаро нисбат ба кормандони масъули вазорату идораҳо барои пешниҳод накардани ҳисобот дар бораи иҷрои буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ, вайрон кардани тартиби таъмини шаффофияти раванди буҷа пешбинӣ мекунад.
Аъзои Сенат қонунро тасдиқ карданд.
Сипас парлумончиён Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистонро «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати қабули Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2021» баррасӣ карданд.
Мақсади асосии Қонун такмил додани сиёсати андоз дар соли 2021, муваффақ гардидан ба ҷамъоварии андоз тавассути баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ мебошад.
Вобаста ба ин, ба Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон ислоҳҳои дахлдор ворид карда мешаванд.
Бо мақсади таъмини таъсири мустақими меъёрҳои Кодекси андоз, инчунин тағйирот ворид карда мешаванд, ки тадриҷан ба меъёрҳои базавӣ расонидани меъёрҳои андозро пешбинӣ мекунанд.
Қонуни мазкурро аъзои Сенат тасдиқ кард.
Сипас ҳисоботи Вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи иҷрои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар нӯҳ моҳи соли 2020 шунида шуд.
Зикр гардид, ки татбиқи Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2020» дар доираи параметрҳои муқарраршуда бо назардошти равандҳои мураккаби дар иқтисоди ҷаҳонӣ баамаломада ташкил карда шудааст.
Дар иҷрои буҷет ба иҷрои фармону қарорҳои қабулнамудаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин қарорҳои Комиссияи зиддибӯҳронӣ оид ба мубориза бо сирояти коронавирус диққати махсус дода шуд.
Бо мақсади муваффақ шудан ба суботи макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодӣ дар давраи ҳисоботӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо нархҳои ҷорӣ 408,3 триллион сӯмро ташкил дод.
Ин нишон медиҳад, ки афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 фоиз таъмин шудааст. Аз ҷумла, афзоиши соҳаи кишоварзӣ ба 3,4 фоиз, сохтмон 8,6 фоиз, истеҳсоли молҳои истеъмолӣ 2,3 фоиз расонда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ даромади Буҷаи давлатӣ ба андозаи 94,4 триллион сӯм иҷро гардид, ки ин аз дурнамои муқарраршуда 2,9 фоиз зиёдтар аст. Ва хароҷот 102,2 триллион сӯм ё нисбат ба ММД 25,0 фоизро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ барои маблағгузории хароҷоти иҷтимоӣ ҳамагӣ 53,7 триллион сӯм сарф шудааст, ки 52,5 фоизи хароҷоти умумиро ташкил медиҳад. Дар айни замон 50,4 триллион сӯм аз ҳисоби маблағҳои буҷа ва 3,3 триллион сӯм аз ҳисоби Фонди зиддибӯҳронӣ харҷ шудааст. Барои соҳаи тандурустӣ 2,7 триллион сӯми Фонди зиддибӯҳронӣ ҷудо шудааст.
Аз ҷумла, барои хароҷоти ҳавасмандгардонии моддӣ 1,5 триллион сӯм, барои доруҳо ва асбобҳои тиббӣ, таҷҳизоти муҳофизатӣ, тестҳо, антисептикҳо ва воситаҳои дезинфексия, инчунин барои кор оид ба нигоҳдории шаҳрвандон дар карантин ва табобат — 1,2 триллион сӯм харҷ гардид.
Сенаторҳо инчунин ба чунин ҳолатҳо, ба монанди иҷрои нокифояи хароҷот дар давраи ҳисоботӣ, аз ҷумла, маблағгузории нопурраи хароҷоти ҷорӣ ва сармоягузории асосӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар шароити душвори имрӯзаи пандемия оид ба барқарорсозии иқтисодиёт, таъмини ҳифзи қавии иҷтимоӣ ва саломатии аҳолӣ корҳои муайян анҷом дода шуданд.
Дар баробари ин, сенаторҳо зарурати дар маҳалҳо сохтани муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабҳои миёна ва муассисаҳои тандурустӣ, таъмири куллӣ ва таъмири ҷории онҳо, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз сохтани онҳо, инчунин афзоиши таваҷҷӯҳро ба сохтмон ва таъмири роҳҳои дохилӣ дар минтақаҳо қайд карданд.
Ғайр аз он, таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷа бояд эътибор дод, назоратро аз болои хароҷоти буҷа пурзӯр намуд ва дар Кенгашҳои маҳаллӣ дар ин самт ҳисоботи ошкоро ва шаффофро пеш бурд.
Зарурати дастгирии иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии мақсаднок низ таъкид гардид.

Дар ҷамъомад қарори Сенати Олий Маҷлис дар бораи тасдиқи ҳисобот дар бораи иҷрои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар нӯҳ моҳи соли 2020 қабул гардид.
Сипас дар маркази муҳокима Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2020» қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки пандемияи ҷаҳонии коронавирус ба ҳамаи соҳаҳо таъсири манфӣ расонд. Аз ҷумла, ин ба як қатор мушкилот, аз қабили якбора коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсолот ва истеъмол, пастравии нархи ашёи хом дар бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ оварда расонд.
Бо вуҷуди ин, мамлакати мо барои рафъи оқибатҳои манфии пандемия чораҳои фаврӣ ва муҳим андешид. Ба он чораҳо оид ба таъмини суботи макроиқтисодӣ, фаъолияти муназзами соҳаҳо ва бахшҳои иқтисодиёт, ҳавасмандгардонии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, дастгирии самарабахши иҷтимоии аҳолӣ ва пешгирии коҳиши шадиди даромади онҳо дохил мешаванд.
Қонуни мазкур тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 19 сентябри соли 2020 таҳия шудааст. Мувофиқи Фармон хароҷоти Фонди зиддибӯҳронӣ аз 10 триллион сӯм то 13,4 триллион сӯм афзудааст, чунки пандемияи коронавирус назар ба интизорот дароз тӯл кашид, ки хароҷоти иловагиро ба вуҷуд меорад.
Дар айни замон, ҳаҷми маҳдуди шартномаҳои нав оид ба ҷалби қарзи беруна, ки бояд баста шавад, то 5,5 миллиард доллари ИМА зиёд мегардад.
Ғайр аз он, мутобиқи моддаи 6-ум ба Қонун «Дар бораи Буҷети давлатӣ» ба маблағи аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудошуда барои роҳбарони фондҳои буҷети сатҳи якум ба андозаи 10 ва зиёда аз он тағйирот ворид карда мешавад.
Инчунин ба дурнамои даромади фондҳои мақсадноки давлатӣ барои соли 2020 ва Фонди таҷдид ва рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва бақияи онҳо дар ибтидо ва охири сол дар ҷадвали хароҷот ислоҳ дароварда мешавад.
Аъзои Сенат Қонунро маъқул донистанд.
Сипас аъзои Сенат ҳисоботи иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Намангон Ш.Абдуразоқовро дар бораи корҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Намангон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ шуниданд.
Дар ҷамъомади умумӣ инчунин натиҷаҳои омӯзиши ҳамаҷонибаи корҳо оид ба рушди вилоят, ки гурӯҳи кории Сенати Олий Маҷлис рӯзҳои 23-27 ноябри соли равон анҷом додааст, муфассал муҳокима шуданд.
Дар ҳисобот қайд карда шуд, ки оид ба рушди ҳамаҷонибаи вилоят, алалхусус дастгирии соҳибкорӣ, тавсеаи соҳаи саноат, рушди минбаъдаи саноати бофандагӣ ва ба ин васила афзоиши даромади аҳолӣ корҳои муайян анҷом дода шудаанд.
Зикр гардид, ки дар нӯҳ моҳи соли 2020 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти умумии ҳудудӣ 18 триллиону 554,6 миллиард сӯмро ташкил дод ва суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,5 фоизро ташкил медиҳад.
Аз сабаби он, ки нақшаи пешбинишудаи даромади буҷети маҳаллӣ 105,6 фоиз иҷро гардид, дар буҷа манбаъҳои иловагӣ ба маблағи 76,3 миллиард сӯм ташаккул ёфтанд.
Дар давраи пандемия мӯҳлати пардохти қарзи андози 252 корхона ба маблағи 5,6 миллиард сӯм, мӯҳлати пардохти субъектҳои хоҷагидорӣ аз рӯи 2 412 созишномаи қарзӣ ба маблағи 502,6 миллиард сӯм дароз карда шуд.
Илова бар ин, дар вилоят сармояҳои мустақими хориҷӣ ва вомҳо ба маблағи 258,7 миллион доллари ИМА азхуд карда шуданд ва ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,5 фоиз афзудааст.
Ба туфайли татбиқи 1 270 лоиҳа ба маблағи 3,4 триллион сӯм дар доираи барномаи сармоягузории ҳудудӣ зиёда аз 16 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.
Корхонаҳои вилоят содироти маҳсулотро дар ҳаҷми 347,4 миллион доллари ИМА, аз ҷумла 6,7 миллион доллари ИМА ба туфайли тавсеаи ҷуғрофияи содирот аз ҳисоби чунин кишварҳо, ба монанди Молдова, Македония, Гана, Кипр, Сурия ба даст оварданд.
Ғайр аз ин, мувофиқи талаботи замонавӣ пули Норин, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, аз нав сохта шуд, ки ноҳияҳои Уйчӣ ва Норини вилоятро бо ноҳияи Балиқчии вилояти Андиҷон пайваст.
Боз як хусусияти дигар. Ба туфайли чорабиниҳои пешгирикунанда оид ба «ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ» дар вилоят, ифшои ҷиноятҳои содиршуда ва таъмини амнияти ҷамъият аз 775 маҳалла дар 375-тоаш (48,4 фоиз) ҷиноят содир нашудааст, дар 301 маҳалла (41,8 фоиз) шумораи ҷиноятҳо коҳиш ёфтааст.

Дар доираи консепсияи «Шаҳри бехатар» дар зерсохтор оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Намангон «Маркази вазъият» таъсис ёфта, барои идоракунии мутамаркази қувваҳо ва воситаҳои ба хидмат ҷалбшуда, харитаи ягонаи геоиттилоотии шаҳр фароҳам оварда шудааст.
Ғайр аз ин, зиёда аз 34,7 ҳазор оилаҳое, ки ба «дафтари оҳанин» дохил карда шудаанд, ба маблағи 18 миллиард сӯм кӯмаки мақсаднок гирифтанд. 47,4 ҳазор аъзои қобили меҳнати ин оилаҳо, ки манбаи даромади устувор доранд, бо кор таъмин карда шуданд. Ба шарофати ин, бо қарорҳои Шӯроҳои намояндагони халқи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) дар асоси тавсияҳои роҳбарони секторҳо зиёда аз 24,4 ҳазор оила аз рӯйхати «дафтари оҳанин» хориҷ карда шуданд.
Дар доираи дастгирии ҳамаҷонибаи занон дар вилоят 1 120 нафар заноне, ки аз кишварҳои хориҷӣ баргаштанд, бо кор таъмин карда шуданд, ки ба 551 нафари онҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуданд. 16 лоиҳа аз ҳисоби 6 миллиард сӯми аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касаба ҷудошуда маблағгузорӣ карда шуда, 1251 нафар занон бо кор таъмин карда шуданд.
Манзилҳо дар ноҳияҳои Намангон ва Тӯрақӯрғон, ки ҳамчун як лоиҳаи пилотӣ интихоб шудаанд, муфассал омӯхта шуданд, барномаи чорабиниҳои мақсаднок оид ба дастгирии иҷтимоию ҳуқуқӣ, таълими касбӣ ва шуғли зиёда аз 4,7 ҳазор нафар заноне, ки ба «дафтари занон» дохил карда шудаанд, таҳия ва амалӣ карда мешавад.
Ҳамзамон, бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар байни ҷавонон корҳо оид ба ташкили минтақаҳои хурди саноатии «Ёшлар» дар ҳар як ноҳия (шаҳр) оғоз гардиданд. Аз ҷумла, барои соҳибкорони ҷавон дар Намангон минтақаи махсуси хурди саноатии «Ёшлар» таъсис дода шудааст. Дар ин қаламрави иборат аз 30 гектар татбиқи 65 лоиҳа ва дар оянда барои писарон ва духтароне, ки ба «дафтари ҷавонон» дохил карда шудаанд, созмон додани 3,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ғайр аз ин, дар рафти ҷамъомад таъкид гардид, ки дар рушди вилоят мушкилот ва камбудиҳои ҳаллашон мунтазир мавҷуданд.
Инак, дар айни замон, барои истифодаи самараноки 54 иншооти холии давлатӣ дар вилоят чораҳои зарурӣ андешида намешаванд. Хавфи сари вақт ба кор дароварда нашудани 14 лоиҳаи калон бо сабаби сари вақт ҷудо нашудани қарз вуҷуд дорад.
Стансияи насоси канализатсияи вилояти Намангон соли 1984 сохта шудааст, ки дар он ҷо то имрӯз ягон таъмир гузаронида нашудааст. Иншооти тозакунии об, ки дар маркази минтақаи Учқӯрғон ҷойгир аст ва соли 1985 сохта шудааст, ҳар рӯз назар ба иқтидори худ 1,7 маротиба зиёд партов мегирад, ки ин боиси садамаҳои зуд-зуд мегардад.
Ҳамзамон, дар вилоят мушкилоти марбут ба расондани гази табиӣ ба истеъмолкунандагон, таъмини мӯътадили нерӯи барқ ба аҳолӣ мавҷуданд.
Дар ҷамъомад қайд гардид, ки натиҷаҳои омӯзиши вилоят дар иҷлосияи Шӯрои намояндагони халқи вилоят 28-уми ноябри соли 2020 аз ҷиҳати танқидӣ муҳокима карда шуданд, ки дар ҷараёни он «Харитаи роҳ» иборат аз 88 банд барои ҳалли мушкилот дар сатҳи вилоят тасдиқ гардид.
Ғайр аз он, сенаторҳо зарурати андешидани чораҳои фавриро барои ҳалли мушкилоти мавҷуда таъкид карданд. Дар ин робита иттилооти роҳбарони шӯъбаҳои дахлдор шунида ва муҳокима карда шуд.
Инчунин оид ба барҳам додани мушкилоти ногузири сатҳи ҷумҳуриявӣ дар вилоят қарори дахлдор қабул гардида, муайян карда шуд, ки назорати сенатории иҷрои он ба роҳ монда шавад.
Аз рӯи ин масъала қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул шуд.
Баъд аз ин масъала дар бораи ҷараёни иҷрои чораҳо бинобар рушди маҷмӯии иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар солҳои 2020-2023 муҳокима гардид.
Қайд шуд, ки солҳои охир Президент ба масъалаи паси сар намудани мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва экологӣ, ки дар минтақа, бинобар хушкшавии баҳри Арал ба миён омадаанд, эътибори ҷиддӣ медиҳад. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар баромади худ аз минбари асосии Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид таъкид сохт, ки буҳрони Арал сабаби ба миён омадани мушкилоти ҷаҳонии экологӣ гардид, ки сарҳад намеписандад ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳушёрӣ даъват мекунад.

Аз ҷониби роҳбари давлат барои муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои умумиминтақа ба мақсади фароҳам овардани шароит баҳри ҷалби сармояҳои хориҷӣ барои коркард ва дар минтақа ҷорӣ намудани технологияҳои тозаи экологӣ, ба тарзи маҷмӯӣ ҷорӣ намудани равандҳои иқтисодиёти «сабз», технологияҳои сарфакунандаи энергия ва об, таҳкими саломатии аҳолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди сайёҳии экологӣ, ҳамчунин татбиқ сохтани чорабиниҳои дигар, ташаббусҳои муҳим пеш гузошта мешаванд. Ин саъю кӯшишҳо, пеш аз ҳама, бо самти худ барои таъмин сохтани фаровонҳолии аҳолӣ муҳим мебошанд. Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои рушди маҷмӯии иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар солҳои 2020-2023» низ дар самти мазкур иқдоми муҳим ба шумор меравад.
Дар ҷараёни ҷамъомад раиси Кумитаи оид ба масъалаҳои рушди минтақаи Наздиарали Сенат Б.Алихонов дар бораи иҷрои қарори мазкур маълумот пешниҳод намуд.
Таъкид шуд, ки мувофиқи қарори Президент дар солҳои 2020-2023 дар доираи 2788 лоиҳа ва дар иншооти банақшагирифташуда дар ҳаҷми 21 триллиону 209 миллиард сӯм корҳои васеъмиқёс татбиқ мегарданд. Дар солҳои 2020-2023 татбиқ намудани 1359 лоиҳа бобати фароҳам овардани лоиҳаҳои ҳудудии сармоявӣ ва кластерҳои саноатии Наздиарал ба маблағи 12,3 триллион сӯм пешбинӣ шудааст.
Боз як ҷиҳати махсус ин аст. Ба мақсади татбиқ намудани назорати парлумонӣ аз ҷараёни иҷрои Барномаи давлатӣ, мунтазам омӯхтани корҳои татбиқшудаистода аз ҷониби сенаторҳо, аз ҷумла Кумитаи Сенат оид ба масъалаҳои рушди минтақаи Наздиарал, мунтазам омӯзиши таҳлилӣ бевосита бо сафар дар маҳалҳо гузаронида мешаванд. Дар ҷараёни омӯзиш ба масъалаи то ба ҷомеаи васеъ расондани моҳият ва мазмуни қарор, ҳолати иҷрои лоиҳаҳои сармоявӣ, кор бо оилаҳое, ки ба «Дафтари оҳанин», «Дафтари занон» ва «Дафтари ҷавонон» дохил карда шудаанд, ҳаллу фасли масъалаҳои дар маҳалҳо бамиёномада, ҳамкорӣ бо намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ ва блогерҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
Дар ҷараёни чорабиниҳои назоративу таҳлилӣ, ки моҳи ноябр гузаронида шуданд, аз ҷониби сенаторҳо 187 иншоот дар 17 ноҳия (шаҳрҳо) омӯхта шуданд ва бо 1091 соҳибкорону фаъолони аҳолӣ вохӯриҳо баргузор гардиданд. Ҳамчунин таҳлили амиқи ҳолати иҷрои умуман 1167 лоиҳа, ки бояд дар ноҳия (шаҳр) дар доираи барномаи тасдиқшудаи ҳудудӣ татбиқ шаванд, амиқ таҳлил карда шуд.
Мувофиқи аҳволи то 5 декабр аз лоиҳаҳое ки барои татбиқшавӣ пешбинӣ гардидаанд, 1108 лоиҳаи сармоявӣ ба миқдори 3 триллиону 164 миллиард сӯм бо маблағ таъмин карда шудаанд. Дар байни онҳо дар соҳаи хоҷагии қишлоқ 358 лоиҳа ба маблағи 592,0 миллиард сӯм, дар соҳаи хидматрасонӣ 439 лоиҳа ба маблағи 590,8 миллиард сӯм молиявӣ карда шудааст. Дар натиҷаи татбиқ сохтани 605 лоиҳа ба маблағи 899 миллиард сӯм 3166 ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шудаанд. Баробари ин дар ҷараёни ҷамъомад зикр шуд, ки дар ҷараёни омӯхтани натиҷаҳои мусбати бадастомада ҳамчунин як қатор камбудиҳои роҳдода ошкор гардиданд.
Муқаррар карда шуд, ки 76 лоиҳа ба маблағи 974,5 миллиард сӯм, ки бояд то 5 декабри соли 2020 татбиқ мегардиданд, бинобар сабабҳои гуногун сари вақт иҷро нашудаанд. Ғайр аз ин барои 15 лоиҳае, ки мебоист аз ҳисоби вомҳои бонкӣ иҷро шаванд, маблағҳои вомӣ дар ҳаҷми 15,1 миллиард сӯм ҷудо карда нашудаанд.
Баробари ин зарурияти ҳангоми аз ҷониби ташкилотҳои масъул татбиқ сохтани барномаҳои сармоявии иҷтимоиву иқтисодӣ эътибори махсус додан, муносибати масъул ба баргузор кардани таҳлили амиқи иҷрои лоиҳаҳо ва омӯхтани пешомади онҳо, самаранокии барномаи лоиҳаҳо, иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҷойҳои нави корӣ барои рушди иқтидори иҷтимоиву иқтисодии шаҳрҳо ва ноҳияҳо қайд гардид.
Дар ҷараёни ҷамъомад дар бораи як қатор мушкилоте, ки ба шарофати саъю кӯшишҳои Кумитаи оид ба масъалаҳои рушди минтақаи Наздиарал ҳангоми омӯхтани ҳудуд ҳаллу фасли мусбати худро дарёфтанд, сухан рафт.

Чунончи, дар ҷараёни омӯхтани ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Қараой парранда» дар ҳудуди МСГ «Узбекистан» ошкор гардид, ки сохтмони ферма, ки ба ҷамъият тааллуқ дорад, бидуни гузаронидани экспертизаи экологӣ ва бе ризоияти сокинони хонаҳои назди он оғоз ёфтааст. Якҷо бо фаъолони МСГ 26 хона аз назар гузаронида шуд, дар байни аҳолӣ корҳои маънидодкунӣ ва суҳбатҳо ташкил шуданд, ризоияти онҳо ба даст омад.
Бо ташаббуси кумита бобати ройгон устувор кардани иншооти тозакунӣ ва софкунии соате 5 метри мукааб об дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандии овулии «Отакӯл»-и овули «Қара Агач» кор оғоз гардид.
Боз як ҷиҳат. Дар қисмати ноҳияҳо фаъолияти Гурӯҳи корӣ дар ҳайати депутатҳои Шӯрои маҳаллӣ ба роҳ монда шуд. Бо беш аз 200 соҳибкорон ва фаъолон вохӯриҳо баргузор гардиданд. Бинобар натиҷаи онҳо 40 пешниҳод барои ворид кардан ба барномаи сармоявии солҳои наздиктарин ташаккул дода шуд, ҳолати зиёда аз 100 иншооти иҷтимоие, ки аз онҳо боздид ба амал омад, омӯхта шуданд.
Ғайр аз ин баробари роҳбарони вазоратҳо, идораҳо, бонкҳои тиҷоратӣ ҳамчунин сенаторон ва депутатҳои Жокорги Кенес ба шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон вобаста карда шуданд.
Дар ҷараёни ҷамъомад аъзои Сенат ба масъалаҳои зерин, аз ҷумла сари вақт ҷудо нагардидани маблағҳои вомӣ ва кашолёбии ҷудокунии маблағҳои вомӣ барои баъзе лоиҳаҳо, гузаронда нашудани корҳои ҳамоҳангсозӣ бо назардошти таҳлили амиқи иҷрои лоиҳаҳо аз ҷониби вазорат ва идораҳои масъул дар ҳудудҳо, ки ба онҳо вобаста карда шудаанд, эътибор доданд.
Ҳамчунин таклиф ва тавсияҳо бинобар гузарондани назорати қатъии депутатӣ барои иҷрои Барномаи давлатӣ, аз ҷониби депутатҳои Шӯрои маҳаллӣ дар иҷлосияҳо муҳокима шудани ҷараёни иҷрои лоиҳаҳое, ки дар қисмати маҳаллаҳо татбиқ мешаванд, иброз гардиданд.
Бинобар масъалаи мазкур қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Сипас ахбори вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳолати фаъолияти эҷоди меъёрҳо ва таҷрибаи истифодаи қонуни мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ дар соли 2020-ум шунида шуд.
Зикр гардид, ки дар соли 2020 ба вазорат барои гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ тақрибан 2,5 ҳазор лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқие, ки ба фаъолияти эҷоди меъёрии мақомоти давлатӣ дахл доранд, расидааст, ки аз онҳо 2310 ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузашта, 168 лоиҳа бидуни гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ баргардонида шудааст.
Ғайр аз ин аз ҷониби вазорат ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ ба беш аз 140 мақомот ва ташкилоти давлатӣ аз тариқи барномаи «е-хат» сари вақт расонида шуд. Алҳол аз ҷониби вазорат низоми иттилоотии «ҳисобу китобҳои давлатӣ ва паҳн кардани ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ» созмон дода шудааст, ки имкон медиҳад ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ ба қариб 600 мақомоти давлатӣ ва шуъбаҳои ҳудудии онҳо фиристода шаванд.
Дар 11 моҳи соли 2020 таҷрибаи истифодаи қонуни мақомоти давлатӣ бинобар 19 самт омӯхта шуд. Дар натиҷа ба ҳукумат 14 лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва 13 маълумоти таҳлилӣ пешниҳод гардид.
Баробари ин дар ҷамъомад сенаторон зарурияти қабул кардани чораҳоро бобати аз байн бардоштани мушкилоти муҳим дар соҳаи фаъолияти эҷоди меъёрҳо ва таҷрибаи истифодаи қонуни мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ таъкид карданд.
Аз ҷумла бинобар дар ҳадди аксар коҳиш додани ҳуҷҷатҳои идоравии меъёриву ҳуқуқӣ, бозомӯзии қонунгузории ҷиҳати умумӣ, ки ба қабули қонун таъсир намекунанд, кор бурда намешавад. Ғайр аз ин ба низом андохтани ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ки муносибатро дар соҳаҳои муайян ба танзим медароранд, бинобар он ки маҳдудиятҳои беасос, тадбирҳои зиёди маъмурӣ ва механизмҳои кӯҳнашуда аз байн нарафтаанд, ба дараҷаи бояду шояд ба роҳ гузошта нашудаанд.

Зарурияти инкишоф додани таҷрибаи мувофиқсозии лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, пешбинии оқибатҳои эҳтимолӣ ҳангоми ҳаллу фасли мушкилот дар зинаҳои баррасии умумӣ, аз ҷумла таъмин сохтани ҳуҷҷатҳои таҳлилие, ки ба баҳои даромад ва хароҷот барои шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкорӣ дахл доранд, таъкид шуд. Ғайр аз ин дар бораи мувофиқи мақсад будани тезондани тайёркунии «харитаҳои амалиёт» дар маҳалҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки ба бекор кардани қарорҳои кӯҳнашуда ва аҳамияти худро гумкардаву ба низом даровардани қонунгузорӣ нигаронида шудаанд, сухан рафт. Гуфта шуд, ки масъалаи таъмин сохтани робитаи ҳамешагии ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ки дар ҳокимияти дараҷаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ қабул мешаванд, мувофиқи мақсад мебошад.
Дар ҷараёни ҷамъомад ҳамчунин маълумоти Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ, Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳо, сохторҳои дигари давлатӣ дар бораи ҳолати таҷрибаи истифодаи қонун шунида ва аз ҷиҳати танқидӣ муҳокима карда шуд.
Баробари ин аз ҷониби сенаторон зарурияти таҳлили маҷмӯии фаъолияти эҷоди меъёрҳо ва таҷрибаи истифодаи қонун аз ҷониби баъзе мақомоти давлатӣ дар қисмати ҳудуд ва соҳаҳо, баланд бардоштани самаранокии ин ё он соҳа аз тариқи расондани дастгирии методӣ таъкид гардид.
Боз як ҷиҳати муҳим. Ба мақсади минбаъд фаъол кардани иштироки шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми баҳодиҳӣ ба таъсири танзимсозии ҳуҷҷатҳои идоравии меъёриву ҳуқуқӣ бобати ҷорӣ намудани таҷрибаи гузаронидани муҳокимаи зиндаи ҳуҷҷат ё худ лоиҳаи ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқӣ тавсияҳо дода шуданд.
Ба Вазорати адлия тавсия дода шуд, ки муроҷиати шаҳрвандон ҳангоми ба нақшагирии омӯзиши таҷрибаи истифодаи қонун дар фаъолияти мақомот ва идораҳои давлатӣ ба эътибор гирифта шавад. Дар рафти ҷамъомад аз ҷониби мақомоти давлатӣ ба тарзи бояду шояд истифода нашудани усулҳои инноватсионии таҷрибаи истифодаи қонун, аз ҷумла веб-технологияҳо танқид гардида, дар самти мазкур супоришҳои дахлдор дода шуданд.
Бинобар масъалаи мазкур қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Бо ҳамин рӯзи аввали кори ҷамъомади даҳуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон анҷом ёфт.

Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ