КОРРУПСИЯ — ЗАРПЕЧАКИ КИШТЗОРИ ҶАМЪИЯТ

Қимати қонун, қарор ва фармонҳо дар риоя ва иҷрои онҳост, вагарна асноди хушку холие беш нестанд. Расо чор сол қабл Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мубориза алайҳи коррупсия» ба тасвиб расида буд. Дар моддаи 7-уми қонуни мазкур омадааст: «Яке аз мақомоти давлатие, ки дар мубориза алайҳи коррупсия бевосита фаъолият нишон медиҳад, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад».
Ба наздикӣ бо ташаббуси Вазорати адлия дар Маркази матбуоти миллӣ доир ба мавзӯи «Корҳое, ки дар сохтори Вазорати адлия бино ба мубориза алайҳи коррупсия ба амал татбиқ гардидаанд», нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Дар гирдиҳамоӣ Агентии хидматҳои давлатии таркиби сохтори вазорат, Агентии мулки интеллектуалӣ (зеҳнӣ), намояндагони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд ва Маркази суд-экспертизаи ҷумҳуриявии ба номи Х. Сулаймонова ширкат ҷустанд.
Дар чорабинӣ доир ба корҳое, ки дар сохтори Вазорати адлия оиди пешгирии коррупсия ба амал татбиқ гардидаанд, маълумот дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар тӯли чор соли охир дар кори пешгирӣ ва мубориза алайҳи коррупсия аз ҷониби Вазорати адлия хеле корҳо анҷом дода шуданд. Вазорат, аз ҷумла, ба мақсади муайян намудани хатари коррупсия, факти аз ваколатҳои худ суиистифода кардани ходимон ва дигар ҳолатҳои манфӣ дархост намуд, ки аҳли ҷомеаи васеъ кӯмак расонад. Аз ин рӯ, дар мақомоти адлия ва муассисаҳо ба шаҳрвандон рухсат дода шуд, ки аз сабти аудио ва видео истифода баранд. Барилова, дар назди вазорат шӯрои мубориза алайҳи коррупсия созмон дода шудааст.
Тӯли соли 2020 тавассути шабакаи телеграми «Anticorbot»-и вазорат аз аҳолӣ 945 хабар расид, ки дар 51-тои он эътирозоти мардум нисбати қонуншикании ходимони мақомот ва муассисаҳои адлия баён шудаанд. Ин аст, ки бино ба хабарҳои расида нисбати 27 нафар ходим чораҳои дахлдор андешида шуданд.
Гуфта шуд, ки дар мақомоту муассисаҳои адлия тибқи ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ ва иштироки экспертҳои байналхалқии ширкати «KPMG International» лоиҳае бино ба ҷорӣ кардани назорати маҷмаъӣ алайҳи коррупсия ба амал татбиқ гардид. Ба беш аз 10 ҳуҷҷати вазорат тибқи стандарти байналхалқӣ тағйироти куллӣ ворид карда шуд. Ба мақсади зиёд кардани малакаи ходимон бобати мубориза алайҳи коррупсия платформаи нави e-stude.adliea.uz ба кор шурӯъ кард.
Нотиқ — мудири кафедраи ҷиноят, ҳуқуқ, криминология ва мубориза алайҳи коррупсия, доктори илмҳои фалсафа бино ба илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҳасан Очилов, аз ҷумла, изҳор дошт, ки ду-се соли охир оиди пешгирии коррупсия дар мавриди имтиҳонҳои қабул дар муассисаҳои таълими олӣ механизми шаффоф роҳандозӣ гардид. Дар натиҷа бисёр ҷавонони донишманду қобилиятнок ба мактабҳои олӣ дохил шуданд. Ҷорӣ гардидани хидматҳои давлатӣ низ ба коҳиш ёфтани коррупсия то ҷое саҳм мегузоранд. Ин корҳои амалӣ гӯшзад мекунанд, ки мо бояд на алайҳи одамон, балки алайҳи сохторе мубориза барем, ки ба коррупсия имконият фароҳам меоварад. Яъне мо бояд рӯйи ба вуҷуд овардани механизмҳое кор барем, ки ба қонуншиканиҳои коррупсионӣ имкон намедиҳанд. Таҷрибаи давлатҳои рушдкарда нишон медиҳад, ки дар роҳи пиёда кардани ин мақсадҳо истифода аз технологияи нав — воситаҳои электронӣ, натиҷаи матлуб мебахшад.
Дар поёни чорабинӣ мутахассисони соҳа ба суолҳои журналистон посух доданд. Суолу ҷавобҳо бозгӯйи он буданд, ки ҳозирин ба сад дил мехоҳанд коррупсия — зарпечаки киштзори зиндагӣ, ки полизӣ ва зироатҳои ҷамъиятро аз нашъунумӯ бозмедорад, ба маротиб коҳиш дода шавад.
Қонун дар бораи мубориза алайҳи коррупсия кор мекунад, таҷрибаи давлатҳои рушдкарда ба кор гирифта мешавад, механизмҳои нав рӯйи кор меоянд, қарору фармонҳои созанда оиди куллан беҳ сохтани низоми таълим дар муассисаҳои таълими миёнаи ҳамагонӣ, миёнаи махсус ва олӣ, ки насли комилро бояд тарбия кунанд, ба тасвиб расиданд, ҳукумат шаффофияти кору фаъолияти мақомоти давлатӣ ва корхонаву идораҳоро таъмин карданист, пас, корҳо оиди коҳиш додани коррупсия натиҷаи матлуб мебахшанд…

А. СУБҲОНОВ, хабарнигори «Овози тоҷик».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ