Ҳукумати Италия низ пеш аз соли нав карантин ҷорӣ кард


Ҳукумати Италия ба муддати 2 ҳафта дар саросари кишвар карантин ҷорӣ кард. Дар ин бора La Repubblica ба нақл аз Ҷузеппе Конте, сарвазири Италия хабар дод.
Карантин рӯзи 24 декабр оғоз мешавад ва то 6 январ идома меёбад. Ҳадаф аз карантин пешгирӣ аз савумин мавҷи коронавирус аст.
Дар даври карантин танҳо мағозаҳои хӯрокҳо фаъолияти худро идома медиҳанд. Дигар дӯконҳо ва ресторану кафеҳо дар ин муддат кор намекунанд.
Ҳамчунин дар рӯзҳои истироҳатии даври карантин сафар ба шаҳру ноҳияҳои дуртар аз 30 километр манъ аст.
Чанде пеш дар Ҳолланд низ карантини 5-ҳафтаӣ ҷорӣ шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ