Арманистон ба хотири қурбониёни ҷанги Қаробоғ мотам медорад


Рӯзи 19 декабр дар Арманистон ба хотири қурбониёни ҷанги Кӯҳистони Қаробоғ мотами миллии серӯза оғоз шуд.
Як рӯз пеш аз мотам мухолифат дар Ереван роҳпаймоӣ кард. Дар роҳпаймоӣ 10 ҳазор нафар иштирок карданд.
Имрӯз бо роҳбарии Никол Пашинян, сарвазири Арманистон ва дигар аъзои ҳукумат роҳпаймоӣ ба хотири қурбониён баргузор мешавад.
Бино ба маълумоти ҳукумати Арманистон дар ҷанг тақрибан 3 ҳазор нафар қурбон шуданд. Ҳамчунин, чандин нафар бе ному нишон гум шудаанд. Ҷустуҷӯи онҳо дар маҳалли ҷанг ва ноҳияҳои Ҷаброил, Физулӣ ва Зангелон идома дорад.
Сулҳҷӯёни Русия ва намояндагони кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар амалиёти ҷустуҷӯи гумшудагон иштирок мекунанд. Аз оғози режими оташбас дар Кӯҳистон ва гирду атрофи он ҷасади 969 нафар пайдо шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ