Ҳама назди қонун баробар: Раисҷумҳури Чили бениқоб кӯча рафт ва ҷарима пардохт кард


Себастян Пинера, раисҷумҳури Чили барои бениқоб дар ҷойи ҷамоатӣ ҳозир шудан 2,5 миллион песо (тақрибан 3,5 ҳазор доллар) ҷарима супурд. Дар ин бора вазорати тандурустии Чили хабар дод.
Чанде пеш акси раисҷумҳури Чили бо як нафаре дар соҳил дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд. Ӯ дар акс бениқоб буд. Ин боиси моҷарое дар саросари Чили гардид.
Бино ба маълумоти донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс, то ҳол дар Чили беш аз 581 ҳазор нафар мубталои коронавирус шудаанд. Шумори қурбониёни вирус беш аз 16 ҳазор нафар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ