“Улсан Ҳюндай” “Персеполис”-ро мағлуб кард ва ғолиби Лигаи қаҳрамонони Осиё шуд


Имрӯз, 19 декабр дар варзишгоҳи “Ал Ҷануб”-и Қатар финали мусобиқаи Лигаи қаҳрамонони Осиё баргузор шуд. Дар асоситарин бозии соли футболи Осиё ҷамоаи “Улсан Ҳюндай”-и Кореяи Ҷанубӣ ва “Персеполис”-и Эрон рӯбарӯ шуданд.
Бо вуҷуди он, ки теҳрониҳо голи аввалро вориди дарвозаи “Улсан Ҳюндай” карданд, дар давоми бозӣ довар ду бор ба дарвозаи “Персеполис” пеналтӣ таъин кард. Ин ду пеналтӣ тақдири бозиро ҳал кард ва ҷамоаи Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо ва қаҳрамони Осиё дар соли 2020 шуд.
Ёдовар мешавем, “Персеполис” дар даври чорякниҳоии мусобиқа “Пахтакор”-и Ӯзбекистонро шикаст дода буд.
“Персеполис” соли 2018 низ то финали Лигаи қаҳрамонони Осиё шуда буд. Дар он сол ҷамоаи “Кашима Антлерс”-и Япония теҳрониҳоро мағлуб карда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ