Мутахассис: Онҳое, ки антитана доранд, эҳтиёҷ ба ваксина надоранд


Шахсоне, ки дар организми худ антитана доранд, ниёзе ба эмкунӣ бар зидди коронавирус надоранд.
Анна Попова, раиси “Роспотребнадзор” дар мусоҳибаи шабакаи телевизионии “Россия-1” гуфт, “Мо аз рӯи қоида пеш аз эмкунӣ вуҷуд доштан, ё надоштани антитанаро меомӯзем. Агар антитана ҳаст, пас эмкунӣ шарт нест”.
Ба гуфтаи Попова, агар касе мубталои коронавирус шуда бошад ва баъди шифо ёфтан дар организмаш антитана ннадорад, бояд бо шифокор маслиҳат кунад. Шифокор бояд муайян кунад, ки оё, муроҷиаткунанда дар ҳақиқат мубталои коронавирус шудааст ва эмкунии ӯ зарур аст, ё на.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ