Ҳар кас касби дилхоҳи худро меомӯзад

Шаҳзод КЕНҶАЕВ
Дар Мактаби касбу ҳунари шаҳри Самарқанд бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба такмили
минбаъдаи системаи таълими касбӣ» ба рӯзноманигорон ва блогерҳо пресс-тур ташкил гардид. Дар он вакилони
матбуот бо шароити барои
хонандагони мактаби касбу ҳунари шаҳри Самарқанд фароҳамгардида шинос шуданд. Дар бораи раванди таълимии муассиса, ки дар он зиёда аз
220 донишҷӯ дар 7 самт таҳсил
мегиранд, маълумот гирифтанд.
– Дар мактаби мо хатмкунандагони синфи 9
аз рӯи ихтисосҳои дӯзандагӣ, сартарошӣ, нигоҳубин ва таъмири мошинҳо, графикаи компутер, сантехник таҳсил мекунанд, – мегӯяд директори
мактаб Шӯҳрат Толибов. – Ҳар кас вобаста ба роҳи интихобкардаи худ касби дилхоҳашро меомӯзад.
Масалан, оҳангарӣ дар минтақае, ки мактаби мо
ҷойгир аст, хеле рушд кардааст. Падару модарон фарзандони худро оварда, аз мо хоҳиш мекунанд,ки ба фарзандашон дар ин самт таълим диҳем. Ё
бо мақсади кор кардан дар фабрикаи бофандагӣ, духтарон самти дӯзандагиро интихоб намуда, ин касбро бодиққат меомӯзанд. Пас аз ду соли таҳсил
онҳо дар ин соҳаҳо кор мекунанд.
Аз соли хониши 2020–2021 сар карда, дар вилоят ба ҷои 167 коллеҷ 74 муассисаи таълимӣ, яъне 37 мактаби касбу ҳунар, 15 коллеҷ ва 22 техникум
фаъолият мебарад.
Хатмкунандагони синфи 9 дар мактабҳои касбу ҳунар дар асоси барномаҳои таълимии 2-сола,
таҳсил мегиранд. Мактабҳои касбу ҳунар хонандагонро ба зиёда аз 200 намуди касб тайёр мекунанд, ки тиҷорати оилавӣ, сохтмон, хизматрасонӣ, чор-
водорӣ, паррандапарварӣ, асалпарварӣ, моҳидорӣ ва ғайра аз ин ҷумлаанд.
Коллеҷҳо мутахассисони миёнаи касбиро дар асоси барномаҳои таълимие, ки барои таҳсили
2-сола пешбинӣ шудаанд, омода мекунанд. Хатмкунандагони синфи 11-и мактабҳо ба коллеҷҳое қабул карда мешаванд, ки таҳти сарпарастии вазорату идораҳо ва ташкилотҳо фаъолият намуда, барои вазифаи муайян дар ин соҳа мутахассисон
тайёр мекунанд.
Дар техникум ҷавононе таҳсил мегиранд, ки синфи 11-ро дар асоси барномаҳои таълимӣ то 2
сол дар таълими рӯзонаву ғоибона мехонанд ва сипас таҳсилро дар зинаи бакалаврии донишгоҳ ва донишкадаҳо идома медиҳанд. Система барои
баланд бардоштани сатҳи фарогирии шумораи зиёди хатмкунандагони мактабҳои миёна, ки дар ояндаи наздик маълумоти олӣ доштанро ме-
хоҳанд, хидмат кунад.

  • 6-уми сентябри соли 2019 Фармони Президент
    «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба такмили минбаъдаи системаи таълими касбӣ» қабул карда шуд.
    Агар ин фармон барои ташкили таълими касбӣ дар
    таърихи Ӯзбекистон асос гузошта бошад, 24-уми
    январи соли 2020 Президент дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис: «Аз соли таҳсили ҷорӣ сар карда, системаи комилан нави таълими касбӣ ҷорӣ гардида, мактабҳои касбу ҳунар, коллеҷҳо ва техникумҳо таъсис дода мешавад» – гуфта бори дигар аҳамияти онро таъкид карданд.
  • Тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар мактабҳои касбу ҳунар барои соҳаҳои босуръат рушдёбанда, ба монанди тадбиркорӣ, тиҷорати хурд, тиҷорати оилавӣ, сохтмон, хизматрасонӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, моҳипарварӣ ба нақша гирифта шудааст,
    – гуфт роҳбари Садорати минтақавии рушд ва ҳа моҳангсозии таълими касбии вилояти Самарқанд Азизбек Насимов.
    Дар анҷоми пресс-тур дар бораи лоиҳаҳое, ки солҳои оянда дар ин соҳа ба нақша гирифта шудаанд, маълумот дода шуд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ