Дар як шабонарӯз дар ИМА беш аз 400 ҳазор ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд


Рӯзи 18 декабр дар ИМА 403 359 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. Дар ин бора маркази назорат ва беҳсозии бемориҳои ИМА хабар дод.
То ҳол дар ИМА дар як шабонарӯз ба ин ҳад гирифторӣ ба коронавирус мушоҳида нашуда буд. Ин “рекорд”-и нави пандемияи коронавирус дар ИМА аст. Антирекорди қаблӣ рӯзи 11 декабр сабт шуда буд – 244 011 ҳолати гирифторӣ.
Дар ҳафтаҳои охир ба ҳисоби миёна дар ИМА 218 619 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт мешавад, ки ин нисбат ба ҳафтаҳои қаблӣ 19 дарсад зиёд аст.
То ҳол дар ИМА беш аз 18 миллион нафар мубталои коронавирус шудаанд. Шумори қурбониён 323,3 ҳазор нафар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ