Месси рекорди шоҳи футболро такрор кард


Леонел Месси, футболбози 33-солаи “Барселона” дар ҳафтаи 14-уми чемпионати Испания ба дарвозаи “Валенсия” гол зад.
Бино ба хабари Football Espana, ин 643-юмин голи Лионел Месси дар таркиби “Барселона” буд. Бо ин ҳол, Месси аз рӯи шумори голҳо дар таркиби як ҷамоа рекорди шоҳи футбол – Пелеро такрор кард.
Пеле дар даври худ дар таркиби “Сантос”-и Бразилия низ 643 гол зада буд.
Эҳтимолан, Месси ба зудӣ шумори голҳои худро дар таркиби “Барселона” бештар мекунад ва Пелеро дар ақиб мегузорад. “Барселона” пеш аз соли нав дар чемпионати Испания бо “Валядолид” ва “Эйбар” рӯбарӯ хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ