Тоқаев ба кормандони давлатӣ нигоҳдории пули худро дар бонкҳои хориҷӣ манъ кард


Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон қонунеро имзо кард, ки он ба мансабдорон кушодан ва нигоҳ доштани ҳисобрақам дар бонкҳои хориҷиро манъ мекунад. Дар ин бора сайти Оқӯрда хабар дод.
Акнун, мансабдорон, намояндагони порлумон ва додрасон (судяҳо) наметавонанд дар хориҷа пул ва сарвати худро нигоҳ доранд.
Ҳамчунин, бар асоси ин қонун, шахсоне, ки ба ҷурми сахти коррупсия маҳкум шудаанд, наметавонанд пешакӣ бо шартҳои махсус озод шаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ