Ӯзбекистон ҳаҷми истеҳсоли автомобилро афзоиш дод


Дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон истеҳсоли автомобил афзоиш ёфт. Дар ин бора кумитаи давлатии омори (статистика) хабар дод.
Дар 11 моҳи сол дар кишвар 260 862 дона мошини сабукрав истеҳсол шуд. Ҳаҷми истеҳсол нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 7 441 дона афзоиш ёфт.
Дар ин муддат 73 871 дона Cobalt, 62 302 дона Nexia T-250, 45 835 дона Lacetti-Gentra, 48 284 дона Damas, 22 458 дона Spark ва 8 112 дона Labo истеҳсол шуд.
Имсол истеҳсоли мошинҳои боркаш коҳиш ёфт. Дар 11 моҳ ҳамагӣ 3 726 дона мошини боркаш истеҳсол шуд, ки ин нисбат ба даври мушобеҳи соли гузашта 1 330 дона коҳишро нишон медиҳад.
Ҳамчунин, дар ин давр 210,4 ҳазор дона муҳаррики автомобил истеҳсол шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ