«Мисс Беларус» ба озодӣ баромад

Ҷаҳон

«Мисс Беларус» — 2008 Олга Хижинкова дар Минск аз маҳбас озод карда шуд. Олга 42 рӯзро дар ҳабс сипарӣ кард. Пас аз баромадан аз маҳбас Хижинкова аз шароити боздошт шикоят кард. “Мо дар фарш хоб мекардем, болоямонро бо рӯймолҳо мепӯшондем ва худро бо либос мепечондем. Як зан аз ин сабаб сахт бемор», — гуфт ӯ. Олга рӯзи 8 ноябр барои ширкат дар тазоҳурот дар Минск боздошт шуд. Ӯро ҳамроҳи дигар эътирозгарон мошини пулис савор крад бурданд. Аввалан, суд Хижинковаро ба муддати 12 рӯз ба ҳабс фиристод, сипас ҷазо ду маротиба 15 рӯзӣ дароз карда шуд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ Хижинкова навиштааст, ки аз ҳукмронии Лукашенко норозӣ аст ва аксҳои амалҳои эътирозиро нашр карда буд. Қаблан, Рамблер хабар дода шуда буд, ки дар Беларус ба хотири дастгирии “Мисс Беларус-2008” ва иштирокчии озмуни «Мисс мира» Олга Хижинкова флешмоби калоне дар интернет ба роҳ монда шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ