Дар Британияи Кабир навъи нави коронавирус тез паҳн шуда истодааст

Дар бораи дар Британияи Кабир моҳи сентябр пайдошавии навъи нави коронавирус маълумот дода шуд. Мобайнҳои моҳи ноябр фаъол паҳншавии вирус оғоз гардидааст. Дар ин бора дар баёноти хизмати ҳифзи тандурустии мамлакат оварда шудааст. «Коронавируси навъи мазкур моҳи сентябр пайдо шуда, ба он то мобайни моҳи ноябр одамони кам мубтало гардиданд. Зиёдшавии беморӣ ба варианти нави вирус дар охири моҳи ноябр аниқ гардид. Дертар мо аниқ кардем, ки варианти мазкури вирус дар Лондон ва Эссекс босуръат паҳн мешавад» гуфта шудааст дар хабар. Вазорати ҳифзи тандурустии Британияи Кабир рӯзи 14-уми декабр аниқ гаштани навъи нави коронавирусро эълон кард. Ходими сарсанитарияи Англия Крис Уитти гуфтааст, ки вируси навъи мазкур нисбат ба навъи одатии «SARS-Cov-2» зудтар паҳн мегардад. Бино ба гуфтаҳои Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон варианти нави генетикии коронавирус 70 фоиз зиёдтар сирояткунанда шуданаш мумкин.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ