Ба Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) президент интихоб шуд

Умар Кремлеви русиягӣ дар иҷлосияи ғайринавбатии Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA), ки ба таври онлайн баргузор шуд, пас аз чор даври овоздиҳӣ президенти ин созмон интихоб шуд.
Котиби генералии Федератсияи бокси Россия ва узви Кумитаи иҷроияи AIBA Кремлев 86 овоз гирифта, бар Борис ван дер Ворст аз Нидерланд ва иҷрокунандаи президенти AIBA Муҳаммад Мустаҳсана ғолиб омад.
Ван дер Ворст дар даври чорум 45 овоз, Мустаҳсана 19 овоз гирифтанд.
Умар Кремлев, ки ҳамзамон ноиби аввали президенти Конфедератсияи бокси Аврупо низ мебошад, дар мақоми президенти AIBA Мустаҳсанаро иваз мекунад, ки пас аз истеъфои Ғафур Раҳимов муваққатан ин вазифаро иҷро мекард.
Вазифаи асосии Кремлев то Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж мақоми AIBA-ро дар Кумитаи байналмилалии олимпӣ барқарор кардан аст.
“Барқарор кардани AIBA осон нахоҳад буд. Ин кор дар як соат сурат намегирад, — иброз намудааст Умар Кремлев. – Мо бояд дар муттаҳидӣ ва барои расидан ба як ҳадаф кор кунем: барқарор кардани мақом ва эътиборе, ки замоне дар ақли варзишгарони тамоми ҷаҳон буд ва ин албатта барқарор кардани мақоми олимпии AIBA мебошад”
Кремлев ваъда дода буд, ки агар президент интихоб шавад, қарзи AIBA-ро, ки ҳудуди 20 миллион долларро ташкил медиҳад, пардохт хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ бо сабаби мудирияти нодуруст эътирофи AIBA-ро муваққатан боз дошт ва мусобиқаҳои интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро худи Кумитаи байналмилалии олимпӣ бар уҳда гирифт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ