Нависандаи “Ну, погоди” даргузашт


Александр Курляндский, нависанда ва драмматурги рус, ки яке аз эҷодкорони мултфилми машҳури “Ну, погоди” мебошад, дар синни 83 даргузашт. Дар ин бора радиои «Эхо Москвы» хабар дод.
Коргардон Александр Лебедев, ки дӯсти Курляндский буд, дар сафҳаи худ дар Фейсбук навишт, ки нависанда муддати тӯлонӣ бемор буд. Аммо, ӯ сабаби дақиқи Курляндскийро тавзеҳ надодааст.
Александр Курляндский барандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди шӯравӣ мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ