Имрӯз Зуҳал ва Муштарӣ ба якдигар наздик мешаванд

21 декабр ду сайёраи бузург — Зуҳал ва Муштарӣ ба якдигар наздик мешаванд. Чунон наздик мешаванд, ки онҳоро танҳо бо телескопи хурд дидан мумкин аст. Ин ду сайёра аллакай ба ҳам наздиканд, ки онҳоро бо чашми одӣ фарқ кардан душвор аст. Дар тӯли чанд рӯзи оянда, онҳо пеш аз ҷудо шудан ба як объект муттаҳид мешаванд. Дар ин бора астрономҳои ҷаҳон хабар медиҳанд.
Бино ба гуфтаи олимон, ду сайёраи азими бузург аз газ иборатаанд, ки дар Системаи Офтобӣ Муштарӣ ва Зуҳайл дар вақти ғуруби 21 декабр ҷуфт мешаванд. Аз сабаби он, ки масофаи зоҳирии байни Муштарӣ ва Зуҳайл камтар аз 1 дараҷа мешавад, бо чашми одӣ фарқ кардани онҳо мушкил мегардад. Сабаби дигар – ин равшании Муштарӣ аз дурахшонии Зуҳал зиёдтар аст ва барои дар ҷудоӣ мушоҳида кардан асбобҳои махсус ба монанди дурбин зарур аст.
Ба гуфти манбаъ ин ҳодисаи нодириест, ки олимон ва дӯстдорони илми астрономия онро солҳои зиёд интизор буданд.
Ин ҳодисаи астрономиро гурӯҳи астрономҳои ҷаҳон кӯшиш доранд, ки тавассути шабакаи иҷтимоӣ YouTube-зинда пахш намуда аз ҷараёни он астрономҳо аз тамоми ҷаҳон назари худро иброз намоянд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ