Дар Испания шӯъбаи донишгоҳи Ӯзбекистон боз мешавад


Ахиран бо иштироки намояндагони вазоратҳои тандурустии Испания ва Ӯзбекистон видеоконфронс баргузор шуд. Дар ин видеоконфронс намояндагони ҳокмияти вилояти Палма де Майорка ва донишгоҳи Балеари Испания, донишкадаи стоматологияи Ӯзбекистон низ иштирок карданд. Дар ин бора шӯъбаи робитаҳои умумии вазорати тандурустӣ хабар дод.
Дар видеомулоқот тарафҳо бар асари боз кардани шӯъбаи донишкадаи стоматологияи Тошканд дар маркази стоматологияи АДЕМА-и донишгоҳи Балеар тавофуқ карданд.
Бояд гуфт, ки ин нахустин шӯъбаи донишгоҳҳои Ӯзбекистон дар кишварҳои рушдкардаи Аврупо мебошад.
Дар ин марказ ҳамасола мутахассисони Испания дар шаш соҳаи стоматология такмили ихтисос ва таҷрубаомӯзӣ хоҳанд кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ