Сароянда Ҷасур Умиров боздошт шуд


Ҷасур Умиров, хонандаи машҳури эстрадаи Ӯзбекистон боздошт шуд. Дар ин бора додситонии (прокуратура) вилояти Самарқанд хабар дод.
Ӯ ба таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғ гумонбар аст.
Дар мавриди Ҷасур Умиров бар асоси қисми 1-и моддаи 118-и кодекси ҷиноят рӯзи 9 октябри соли ҷорӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Идораи тафтишоти вилоят, ки парвандаи ҷиноиро боз кард, тафтишоти муқаддимотиро низ анҷом додааст.
Рӯзи 9 октябри соли ҷорӣ духтаре, ки худро қурбони таҷовузи хонанда мегӯяд, бо вакили (адвокат) худ ба додситонии вилоят муроҷиат мекунад ва норозигии худро аз ҷараёни тафтишот изҳор менамояд.
Додситонии вилоят ҳоло тафтишотро зери назорат гирифтааст .
Ҷасур Умиров имрӯз, 21 декабр боздошт шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ