Сарбозони ИМА Олмонро тарк мекунанд ва ба Полшаву Балтика раҳсипор мешаванд


Сарбозони ИМА Олмонро тарк мекунанд ва ба Полшаву кишварҳои Балтика раҳсипор мешаванд. Дар ин бора Регнум хабар дод.
Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия рӯзи 21 декабр дар маҷлиси вазорати мудофиаи кишвараш гуфт, ки ИМА берун овардани сарбозони худро аз Олмон оғоз кардааст ва онҳоро ба Полшаву Балтика интиқол медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш агентии Reuters ба нақл аз мақомоти ИМА хабар дода буд, ки танҳо як қисми сарбозони амрикоӣ ба ватани худ бармегарданд. Боқӣ дар кишварҳои дигари Аврупо ҷойгир хоҳанд шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ