Дар Антарктида гирифторони коронавирус аниқ гардиданд

Антарктида минбаъд қитъае нест, ки ба пандемияи COVID-19 гирифтор нашудааст. Тибқи иттилои “Tercera”, ки бо такя ба қувваҳои мусаллаҳи Чили, 36 нафар дар истгоҳи илмии Чили гирифтори коронавирус шудаанд. Ҳодисаҳои сироятёбиро дар Истгоҳи Илмии Антарктидаи Бернардо О’Хиггинс Рикелме ба қайд гирифта шудааст. Аз 36 нафар гирифторони COVID-19, 26 нафарашон низомиён ва 10 нафар корандон аз як ширкати пудратчӣ мебошанд, ки дар пойгоҳ корҳои нақшавӣ анҷом медодаанд. Пас аз ошкор шудани нишонаҳои коронавирус, ҳамаи беморон ба заини калон интиқол карда шудаанд биноҳои пойгоҳ дезинфексия карда шуданд. Ҳамин тариқ, ҳоло коронавирус дар тамоми қитъаҳои ҷаҳон паҳн шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ