Маҷаллаи The Economist Малавиро кишвари сол эълон кард


Маҷаллаи машҳури The Economist Малавиро кишвари соли 2020 эълон кард. бино ба эътирофи маҷалла, соли ҷорӣ Малави ягон кишваре буд, ки вазъияти демократӣ дар он беҳ шуд, дар ҳоле, ки ба далели коронавирус дар даҳҳо кишвари ҷаҳон вазъи демократӣ бадтар шудааст.
Дар фасли баҳори соли 2019 дар ин кишвари африқоӣ интихоботи раисҷумҳурӣ баргузор шуд ва Питер Мутарика, раисҷумҳури феълии Малави дар он ғолиб гардид. Бино ба хабари The Economist, дар ҳисобкунии овозҳои интихобот сохтакориҳо мушоҳида шудааст, бо вуҷуди ин, мушоҳидакунандагони хориҷӣ ба ин ҳол парво накардаанд.
Аммо ин ҳолат боиси норозигии мардуми Малави шуд. Дар натиҷа додгоҳи (суд) сарқонунии кишвар натиҷаи интихоботро бекор кард. Моҳи июни соли 2020 дар Малави интихоботи раисҷумҳурӣ дубора баргузор шуд ва ин бор Питер Мутарика мағлубияти худро эътироф кард. Лазарус Чаквер раисҷумҳури нави Малави интихоб шуд.
Ин ҷараёни муборизаи мардуми Малави барои демократия боис гардид, ки The Economist ин мамлакатро кишвари сол эълон кунад.
Ёдовар мешавем, соли 2019 маҷаллаи The Economist Ӯзбекистонро кишвари сол эълон карда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ