Дар Самарқанд филиали IT-PARK кушода шуд

Бо мақсади татбиқи стартап – лоиҳаҳои истиқболноки соҳаи технологияҳои ахборӣ ба бозори дохилӣ ва хориҷӣ, тайёр кардани барномасозони ҷавон, ташкили ҷойҳои корӣ дар шаҳри Самарқанд филиали замонавии ҳудудии Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои ахбори (IT‑парк) фаъолияти худро оғоз кард.
Дар тадбири тантанавии кушодашавии бинои мазкур ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ва ҷонишини якуми вазири ривоҷи технологияҳои ахборӣ ва коммуникатсияҳо Олег Пекос иштирок карданд.
Дар филиали минтақавии IT-PARK коворкинг, резидентҳо, ҷой барои стартапчиён, утоқҳои омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ -коммуникатсионӣ, робототехника, киберспорт, толори анҷуманҳо, минтақаи мусоҳиба, қаҳвахона ва дигар хонаҳои ёрирасон бо дизайни муосир ва дар асоси талаби замон ташкил карда шудааст.
Дар ин ҷо асосан завқи ҷавононро бо соҳа зиёд кардан, додани имтиёзҳо ба фаъолияти як қатор субъектҳои тадбиркорӣ, барои босамар фаъолият бурдани онҳо шароит ва имкониятҳо фароҳам овардан, ба воситаи коркарди маҳсулотҳо ба роҳ мондани экспорт, ба ҳаёт татбиқ намудани лоиҳаҳои нав ва стартапҳо, иштироки бевосита дар рақамигардонии соҳаи иқтисодиёт, ба таври назаррас афзунсозии ҳиссаи технологияҳои коммуникатсионии ахборӣ дар ҳаҷми тамоми хизматрасониҳои вилоят чун вазифаи асосӣ муқаррар карда шудааст.
Филиали вилоятӣ бо шахсони юридикие, ки дар соҳаи технологияҳои ахборӣ ва коммуникатсионӣ фаъолият доранд ва муассисаҳои таълими олӣ ҳамкорӣ мекунад.
Инчунин, дар назди филиал Марказҳои технологияҳои рақамӣ, ки дар ҳар як шаҳру ноҳияи вилоят ташкил мегарданд, фаъолият мебарад. Ҳоло дар 6 шаҳру ноҳия чунин марказҳо ташкил гардида, то охири сол боз 4 маркази дигар ба кор медароянд.
Дар натиҷаи ташкили филиал дар вилоят 50 корхонаи нави IT, 200 ҷойи нави корӣ ва таҳияи зиёда аз 100 лоиҳаи стартап ба нақша гирифта шудааст.

Н.БОБОАҲМЕДОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ