Ҳаҷми мубодилаи мол миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон беш аз 300,4 миллион долларро ташкил кард

Ҳаҷми табодули мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар соли 2020 беш аз 6% кам шуд. Дар ин бора имрӯз агентии «Спутник» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
«Аз моҳи январ то ноябри соли 2020 табодули мол нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 6,2% коҳиш ёфт», — мегӯяд манбаъ.
Ҳаҷми умумии муомилот имсол беш аз 2,1 миллиард долларро ташкил дод. Ҳамин тариқ, ба кишварҳои ИДМ 50,9% ҳаҷми умумии табодули моли кишвар рост меояд.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми табодули мол бо Беларус ба таври назаррас -84% ва инчунин бо Озарбойҷон — 7,9% афзуд. Дар ин давра тиҷорат бо кишварҳои дигари ИДМ коҳиш ёфт.
Тибқи маълумоти Агентии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони асосии тиҷорат бо кишварҳои ИДМ Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон буданд.
Ҳаҷми мубодила бо Қазоқистон беш аз 795,8 миллион доллар ва бо Ӯзбекистон беш аз 300,4 миллион долларро ташкил медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ