Дар Кореяи Ҷанубӣ мавҷи савуми пандемия мушоҳида мешавад


Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ ба далели паҳншавии коронавирус бо суръати баланд дар саросари кишвар маҳдудиятҳои навро ҷорӣ мекунад. Ин маҳдудиятҳо аз 24 декабр то 3 январ идома меёбад.
Ҳукумат ҳамчунин оғоз мавҷи савуми пандемияи коронавирусро эълон кард.
Дар даври маҳдудиятҳо ҷамъ омадани беш аз 5 нафар манъ шуд. Илова бар ин, дар ин муддат рафтуомад ба бемористонҳои бемориҳои равонӣ ва хонаҳои пиронсолон мамнӯъ аст.
Рӯзи 22 декабр дар Кореяи Ҷанубӣ 1092 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд. Ин омори рекодрии шабонарӯзӣ аст. Шумори умумии мубталоён ҳоло беш аз 52 ҳазор нафар мебошад. беш аз 13 ҳазор ҳолати беморӣ дар 2 ҳафтаи охир сабт шудааст. Ҳоло беш аз 15 ҳазор нафар мубталои коронавирус дар бемористонҳо муолиҷа мегиранд. Вазъияти саломатии 284 нафар вазнин аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ