Штамми нави коронавирус дар Сингапур низ пайдо шуд


Штамми нави коронавирус, ки дар Британияи Кабир паҳн мешавад, дар Сингапур низ пайдо шуд. Дар ин бора шабакаи телевизионии “Channel NewsAsia”-и Сингапур хабар дод.
Бино ба маълумоти вазорати тандурустии Сингапур, нажоди нави коронавирус дар донишҷӯе, ки аз Лондон баргашт, кашф гардидааст. Ҳамчунин, дар 11 нафаре, ки бо ин донишҷӯ мулоқот карданд, низ нажоди нави коронавирус мушахаас шуд.
Бар асоси хабари вазорати тандурустӣ, аз 17 ноябр то 17 декабр 31 нафар мубталои коронавирус аз хориҷа ба Сингапур баргаштаанд.
Дар ҳоли ҳозир шумори умумии мубталоёни коронавирус дар Сингапур ба 58 482 нафар расида ва ҳамагӣ 29 нафар аз онҳо фавтидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ