Фармони афви Трамп барои ҷинояткорони ҷангии «Blackwater»

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, ки акнӯн дар охирин моҳи зимомдории худ қарор дорад, бархе аз муҷримони сиёсӣ ва ҷинояткорони ҷангиро афв кард.

Дар ин росто Доналд Трамп рӯзи 22 декабр 15 нафар аз ҷумла 4 тан аз омилони куштори ғайринизомиёни ироқиро мавриди афви раёсатҷумҳурӣ қарор дод. Афви Nicholas Slatten, Paul Sloug, Evan Liberty ва Dustin Heard чаҳор низомии амрикоии вобаста ба ширкати «Blackwater» аз сӯи Трамп вокуниши манфии афкори умумиро барангехт. Ин чаҳор нафар амрикоӣ дар куштори 17 ғайринизомии ироқӣ дар 16 сентябри 2007 дар Бағдод, пойтахти Ироқ даст доштанд ва дар пайи муҳокимаи қазоӣ, ки солҳо тӯл кашид, ба ҳабсҳои дарозмуддат маҳкӯм шуда буданд.

Амрико дар заминаи бархӯрд бо ҷинояткорони ҷангӣ аз меъёрҳои дугонае пайравӣ мекунад. Дар ҳоле, ки Вашингтон борҳои хоҳони муҳокимаи муттаҳамон ба иртикоби ҷиноёти ҷангии дигар кишварҳо шуда, аммо дар бораи атбоъ ва низомиёни худ аз ин қоида пайравӣ накарда ва дар воқеъ ба наҳви ғайри мустақим амрикоиҳоро бартар аз соири мардум медонад. Давлати Амрико бо ин тавҷеҳ, ки раванди додрасӣ дар ин кишвар одилонатар аст, монеъи муҳокимаи атбои Амрико бавижа низомиёни худ дар хориҷ аз Амрико мешавад ва дар тавофуқҳое, ки бо дигар кишварҳо дар заминаи истиқрори низомиёни ин кишвар мунъақид мекунад, ҳамвора асли «капитулятсия»-ро дар ин тавофуқот мегунҷонад. Тибқи ин асл, дар сурати вуқуъи ҷурм ё ҷинояте тавассути низомиёни амрикоӣ дар кишвари маҳалли маъмурият, дастгоҳи қазоии он кишвар ҳаққи муҳокимаи онҳоро надошта ва барои муҳокима ва эъмоли муҷозот бояд ба Амрико бозгардонда шаванд. Аммо дар амал мушоҳида шуда, ки муҳокимаи ин низомиён дар Амрико бештар ба сӯрати намоишӣ буда ва ҳатто дар сӯрати маҳкӯмият низ дар мавориди зиёде мавриди афви раёсатҷумҳурӣ қарор гирифта ва адолат дар бораи онҳо иҷро намешавад. Намунаи ахири ин амр афви 4 нафар аз ҷинояткорони ҷангӣ аз аъзои ширкати амниятии «Blackwater» аст.

Дар ҳоле, ки мардуми Ироқ бавижа бастагони қурбониёни куштори сентябри 2007 дар Бағдод тасаввур мекарданд, ки ин низомиён солҳо дар ҳабс басар хоҳанд бурд, аммо акнӯн Трамп бо афви онҳо дар воқеъ адолат ва муҷозоти ҷинояткоронро мавриди тамасхур қарор додааст.

Албтта иқдоми Амрико фақат ба ин маврид маҳдӯд нашуда ва давлати Трамп барои ҷилавгирӣ аз расидагӣ ба иттиҳомот дар бораи иртикоби ҷиноёти ҷангӣ тавассути низомиёни амрикоии мустақар дар Афғонистон аз сӯи Девони байналмилалии кайфарӣ(Гаага) ба таҳдид ва таҳрими мақомоти он, аз ҷумла Fatou Bensouda, додситони ин девон пардохтааст. Доналд Трамп дар 11 июни 2020 бо имзои як фармони иҷроӣ, муҷаввизи эъмоли таҳрим алайҳи Девони байналмилалии кайфариро содир кард. Трамп ин муҷаввизро ба далели таҳқиқоти Девони байналмилалии кайфарӣ дар бораи ҷароими Амрико дар Афғонистон эъмол кард.

Ба гуфтаи Richard Decker, мудири бахши адолати байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар, давлати Трамп бо таҳрими Девони кайфарӣ ҳамалоти худро ба ҳокимияти қонӯн дар ҷаҳон идома медиҳад ва ин иқдом Иёлоти муттаҳидаро дар канори муртакибони нақзҳо қарор ме‌диҳад.

Бо ин ҳол, ин иқдоми Амрико бо вокуниши манфии ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шуда ва гурӯҳе муташаккил аз 67 кишвар дар авохири июни 2020 бо судӯри баёнияи муштараке дар вокуниш ба таҳдидҳои Амрико алайҳи Девони кайфарии байналмилалӣ, бар ҳимояташон аз ин ниҳоди қазоии байналмилалӣ таъкид карданд. Ин мавзеи байналмилалӣ алайҳи ин иқдоми зурмадорона ва ғайри қонӯнии давлати Трамп нишонгари инзивои Амрико ва мақбулият надоштани иқдомоти якҷонибаи он аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ