ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ “ВАТАН ҲАР ЧӢ ХОҲАД АДО МЕКУНЕМ…” МУКОФОТОНИДА ШУДАНД

Тавре хабар додем, дар марказӣ ахборӣ-китобхонаи ба номи А.Пушкини вилоят бо ташаббуси рӯзномаи “Овози Самарқанд” дар ҳамкорӣ бо Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ба муносибати 105-солагии шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфӣ таҳти мавзӯи “Ишқи Ватан дар дилам…” тадбири адабӣ гузаронида шуд.
Сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов ба сухан баромада, таъкид карда, ки соли оянда ба таваллуди ин вассофи Ватан, тимсоли ҷавонмардӣ, инсони ватанхоҳу ватандӯст 105 сол пур мешавад. Бинобар ин, бо мақсади арҷ гузоштан ба хотираи неки Ҳабиб Юсуфӣ бо ташаббуси рӯзномаи “Овози Самарқанд” татбиқи як қатор чорабиниҳо дар назар аст. Омӯзиши мероси адабии шоир албатта дар замири насли ҷавон ва шуури онҳо меҳру муҳаббат ба Ватан, ифтихори ватандӯстӣ, ишқи Ватанро парвариш мекунад.
Дар идомаи тадбир ба ғолибони озмуни “ВАТАН ҲАР ЧӢ ХОҲАД АДО МЕКУНЕМ…”, ки бо ташаббуси таҳририяти “Овози Самарқанд” гузаронида шуд, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Инчунин, мухбирони ҷамоатӣ ва ҳамкорони фаъоли рӯзнома бо ташаккурнома ва тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ