Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол Насрулло имрӯз ба синни мубораки 70 расид АНДАР ШИНОХТИ ШЕЪРИ КАМОЛАНДАР ШИНОХТИ ШЕЪРИ КАМОЛ

Камол Насрулло аз шоирони эътирофшудаи муосири тоҷик аст, ки на фақат дар маҳдудаи ҷуғрофиёии Тоҷикистони имрӯза, балки берун аз он низ шинохта шудааст. Аз ҷумла тоҷикони Ӯзбекистон низ ба шеър ва ҳунари шоирии ӯ муҳаббат доранд. Ӯ ҳамроҳи бархе аз бузургони илму адаб борҳо меҳмони азизи устодону донишҷӯёни донишгоҳи давлатии Самарқанд шудааст. Махсусан, вохӯрие, ки дар факултети онвақтаи филологияи ӯзбеку тоҷики донишгоҳ, ки бо ҳамроҳии Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ, Гулназар дар рӯзҳои адабиёт ва санъати кишвари мо ташриф фармуда буданд, хеле хотирмон буд. Аз ин хотир, ҳоло ҳам донишҷӯёни мо ашъори ноби Камол Насруллоро бо завқу шавқ мутолиа мекунанд.
Камол аз ҷумлаи шоиронест, ки аввалан дар тамоми навъҳои шеъри суннатии тоҷикӣ, аз ҷумла ғазал, рубоӣ, дубайтӣ ва шеъри нимоӣ (арӯзи озод ё шеъри нав), шеъри сафед (шеъри шомлуӣ), шеъри ҳисомезӣ (шеъри сипеҳрӣ), шеъри тасвирӣ (хусравонӣ, тарона, нонреза, миниатураҳои манзум) ва шеъри чаҳорпора, шеъри русӣ ва аврупоӣ қувва озмудаааст, сониян дар эҷоди шеър аз ҷанбаҳои ҳунарии он кор гирфтааст, ки баёнгари истеъдод ва тозаҷӯйиҳои ӯ дар раванди инкишофи шеъри муосири тоҷик аст.
Дар пайравии шеъри суннатӣ ғазалу рубоӣ ва дубайтӣ гуфтани Камол чунин маънӣ надорад, ки вай муққалиди ин шакли қадимаи шеъри тоҷикӣ бошад. На! Ҳанӯз донишманди эронӣ Алиасғари Шеърдӯст соли 1997 навишта буд: “Камол Насрулло аз шоирони навгарои Тоҷикистон аст, ки дар заминаи шеъри нав осори нав ироа кардааст. Гароиши Камол Насрулло ба шеъри нав ғазалҳои ӯро ҳам забону фазое дигаргуна бахшидааст”(Алиасғари Шеърдӯст. Чашмандози шеъри имрӯзи тоҷик.-Душанбе: “Адиб”, 1997.- С.132). Ин донишманд дар заминаи ин андеша ғазали зерини шоирро иқтибос кардааст:
Эй худо, дил додаам бар ёри зебое, ки нест,
Ком ширин мекунам аз нуқлу ҳалвое, ки нест.
Чун гули печон ба шохи зиндагӣ печидаам,
Ошиқона меравам бар сӯи фардое, ки нест.
Себи худро дидаам дар боғи сабзи эътиқод,
Чун равам, гирам варо бо дасту пое, ки нест.
Ваъдаҳо бисёр буду рӯзу шаб омодаам,
Гӯшу ҳуш остодаам дар роҳи овое, ки нест.
Дар миёни чор дарё сӯхтам бо ёди ту,
Интизори қатраи ҷонбахши дарёе, ки нест.
Абдунабӣ Сатторзода низ ҳамчун намунаи хуби ғазали Камол шакли пурраи ҳамин ғазалро зикр карда, “дар гуфтани шеъри нағз қудрати басанда” доштани шоирро таъкид намудааст (“Адабиёт ва санъат.-2011.-17-уми феврал). Воқеан ҳам ин ғазали ошиқонаест, ки аз ҳаҷру ҷудоии тоқатфарсои шахсияти ғаноӣ хабар медиҳад, вале ин хабар одӣ набуда, саршор аз эҳсосу андешаи тоза аст, ки зери таъсири воқеияти рӯзгор шакл гирифта, ба дилу рӯҳи хонанда асар мегузорад ва ӯро гирифтор медорад.
Чунин тамоюли навҷӯйиву навгӯйӣ дар корбурди дигар жанрҳои суннатӣ, аз ҷумла рубоиву дубайтӣ низ аз паҳлуҳои муҳимми таҷрибаи шеърии Камол Насрулло мебошад, ки аз назари тарзи фарогирӣ ва ифодаи мазмуну маънӣ диққатангез аст. Аз ҷумла дар ашъори ӯ имтиёз пайдо кардани оҳангҳои суннатии ҳидоятгарӣ, панду андарз, мазмунҳои даъвативу хитобии шеъри гузаштагон далели таъсирпазирии огоҳонаву эҷодкорона ва навҷӯёнаи ӯ аз таҷрибаҳои шеърии гузаштагон ва шоирони тозаҷӯйи имрӯз мебошад. Аз ин назар, шеърҳои дар мавзӯъҳои ошиқона ва ватандӯстона гуфтаи Камол дарунмояи тоза дошта, намунаи ашъори асилу разманда, дардолуд ва мухайяли ӯ ҳастанд. Андешаи зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар таъкид ва таъйиди ҳамин хусусияти шеъри шоир аст: “Як китоби шоири ҷавон, вале хеле боистеъдоду ватандӯсти мо Камол Насрулло “Тоҷикистонро дигар қисмат макун” барои якдигарфаҳмӣ аз кӯшишҳои даҳҳо шахсони мансабдори бемасъулият бештару хубтар хизмат карда метавонад”.

Ба ин далел адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон “мушаххастарину намоёнтарин хусусияти эҷодиёти Камол Насрулло”-ро “талқини меҳру муҳаббат ба Ватан” таъбир карда, навишта буд, ки “Ин мавзӯъ, ки ҳамеша мавриди таҳқиқи бадеӣ ва аксаран тавсифу тарануми адибон, хоса шоирон, қарор дорад, дар ашъори Камол ҳар дафъа аз паҳлуи нав намоён мешавад, бо тобиши дигар ҷило медиҳад, маъниву мазмуни тоза касб мекунад ва агар ҳатто чунин паҳлуву тобишу маънӣ қаблан аз шеъри шоири дигар ё худи Камол ба мо ошно намояд ҳам, боз мебинем, ки ҳарфи ногуфтае, намои нодидае ва маънии нуҳуфтаеро ӯ ёфтааст, дидааст, ошкор намудааст ва ҳазм кардаасту гуфтааст”(Абдураҳмони Абдуманнон. Фурӯғи чеҳраҳо. Маҷмӯаи мақолаҳо.-Душанбе: “Адиб”, 2015.- С.165).
Аз ин назар Камол дар аксари шеърҳояш, дар кадом мавзӯе, ки шеър нагуфта бошад, ҳам Ватанро, ки ишқи он таҳрикаш медиҳад, ҳам модарро, ки зиндагиашро сомон бахшидааст, ҳам табиатро, ки омили зист ва асоси ҳастии инсон аст, бо муҳаббат ва ҳунармандона васф мекунад. Чунин шеърҳои то имрӯз гуфтаи шоир ба ҳалқаҳое монанданд, ки дар пайванд бо ҳамдигар силсиларо ба вуҷуд меоваранд ва аз ин силсила суҳбат, таассурот, розу ниёз, муколамаи маънавии шоир бо хонандааш ба гӯш мерасад. Ин муколамаи шоирест, ки зиндагӣ барояш омили ҳувиятсоз буда, бе он ҳастиаш маънӣ надорад.
Аз ин ҷиҳат, Камол Насрулло ҷонибдори шеъри боҳадаф буда, яке аз сабабҳои нуфӯзи хитоба дар эҷодиёташ низ ба дарки амиқи моҳияти ин гуна шеър марбут мешавад. Боре навишта буд, ки “яке аз ҷиддитарин ҷиҳатҳое, ки қимати шеър ва шоирро боло мебардорад, ҳадаф доштани шеър аст. Шеъре, ки бе ҳадаф навишта мешавад, мисли тирест, ки ба суйи бесӯйӣ равона мешавад”. Ба ин далел, вай шеъреро меписандад, ки “ҳадафи фарҳангиву маърифатӣ дорад, ба ҳушёрии ҷомеа, ба худшиносии миллӣ равона шудааст”.
Ба ин тартиб, аксари шеърҳои ватандӯстонааш ҳадафи муайяни ғоявӣ дошта, баёнгари ормонҳои шоиранд. Масалан, дар шеъри “Чист номат?” шоир ба Тоҷикистон сифату нишону ормонҳоеро масуб медонад, ки аз зеҳнияти ормонгарояш берун омадаанд. Барои ифодаи амиқияти муҳаббаташ ба Тоҷикистон шоир тарзи нигориш ва баёни ошиқонаро интихоб кардааст, ки ҳоли ибодатгару лобагӯро ба назар менамояд:
Чист сӯзат, чист созат, чист ишқат?-Тоҷикистон!
Чист дар чашми сурурафшон сиришкат?-Тоҷикистон!
Қиблае, ки мекунӣ сӯяш ибодат?-Тоҷикистон!
Дар забонат охирин ҳарфи шаҳодат?-Тоҷикистон!
Чунин маъниро шоир дар шеъри “Дар баҳои ҷон” тобиши фалсафӣ дода, онро ба маънии дороии инсон, яъне имон ба кор гирифтааст:
Он чист, ба ҳеҷ қимате нафрӯшанд,
Он чист, ки дар баҳои ҷон аст?-Ватан!
Шакли чунин шеърҳои Камол Насрулло хитоба аст. Ӯ дар миёни шоирони имрӯзаи тоҷик беш аз ҳама шеъри хитобаи имрӯзӣ гуфтааст. Шеъре, ки дар он макону замон, фазо, ҳолат, эҳсос, чеҳраҳо, шахсиятҳо муаёяну мушаххас буда, тасвирҳову андешаҳои шоирона аз рӯйи зарурат ва ба тақозои мавзӯъ ва дар таносуб бо табиати ашёи тасвир офарида мешаванд. Мо бо хитоба гуфтани ин гуна шеърҳои Камол шакли зоҳирии онҳоро пеши назар меоварем, ки дар асл ин ном ба мазмуну муҳтавони ин гуна шерҳо низ мустақиман ишора дорад. Ба ифодаи дигар, маъниҳои иҷтимоӣ, фалсафӣ ва сиёсӣ, яъне шеъре, ки дар зимни ин хитобаҳо пинҳон аст, на ҳама вақт маъниаш ошкор аст. Ба ин далел, ин гуна шеърҳои Камол аз айби умумигӯйӣ озоданд.
Аз мутолиаи ин гуна шеърҳои Камол бармеояд, ки аксари онҳо тавсифӣ ва ё шиор нестанд, балки хусусияти иҷтимову маърифатӣ ва ҳадафу нишони мушаххаси мундариҷавию ҳунарӣ дошта, ҳунармандона эҷод шудаанд ва хонандаро ба худшиносиву худогоҳӣ талқин мекунанд. Масалан, шеъри “Биё, бошем! ”хитоба буда, ҷанбаи амиқи маърифативу ахлоқӣ дорад. Чунончи:
Биё, ҳампои мардони худо бошем,
Умеди раҳнавардони ғарибу бенаво бошем,
Агар чизе набошем, эй азизи ман,
Биё, рӯ бар Худо орему ду дасти дуо бошем!
Биё, бар нафси худ боло шавему
ҳиммати худро ҷило бошем!
Саломи субҳи суриро сало бошем!
Чу мефахрем бо ҳар ҷуллаи кӯҳи диёри худ,
Биё, бо некномӣ қуллае дар қуллаи ин қуллаҳо бошем!
Биё, бошем, ҷони ман, бошем!

Ҳадафи аслии шоир аз ин шеър даъват ва ҳидояти муосиронаш ба худогоҳиву худшиносӣ, ба саховатмандиву пайкори неку созандааст. Ба ин далел аксари шеърҳои шоир ҳадафи инсонпарварона дошта, инсон бо тамоми арзишҳои маънавию ахлоқияш меҳвари асосии андешаву орои ӯ қарор гирифтааст. Ин гуна шеърҳо бо мазмун ва тасвирҳои шоирона таъсиргузор буда, хонандаро сӯйи некиву некӯкорӣ раҳнамоӣ мекунанд. Дар ин замина шеърҳои “Тифли ман”, “Духтарон-гулҳои хандон”, “Чӯпон”, “Мардони деҳаи ман”, “Мӯйсафедон кӯдаконанд”, “Ёди пирон”, “Дар паноҳи шаб”, “Духтаре дар кӯчаҳо” ва монанди онҳо аз ҷиҳати мавзӯву мӯҳтаво ва тарзи тасвир ҷолиб буда, ба эътирофи А. Сатторзода, намунаи шеъри нағзи тоҷикианд. Зайли намуна пораи зерро аз шеъри “Ёди пирон” иқтибос мекунем:
Мӯйсафедони баҳикмат,
Як ба як рафтанд…
Қад-қади пайроҳаи деҳ
Менишастанд,
Дар назар чун посбон
Посбони роҳҳо,
Посбони одаму одамгарӣ,
Посбони зиндагӣ.
Қад-қади раҳ рӯ ба хуршед,
Такя бар девор,
Рӯзҳои охири умр
Бемадор,
Аммо мадагор.
Чашм бар раҳ менишастанд,
То мабодо кас занад раҳгум,
Буд нури охирини чашмашон
Равшании роҳи мардум.
Қад-қади раҳ чун дарахтон устувор…
Мӯйсафедони баҳикмат
Як ба як рафтанд…
Ин шеър, пеш аз ҳама, бо бардошти шоирона аз ҷузъиёти зиндагии мӯйсафедон, ки аз зиндагии мардум ҷудо нест, диққатангез буда, маҳорати шоирро дар тасвири сарнавишти воқеии инсон нишон медиҳад. Ҳасрати шоир дар ин шеър ҳам дилфишор аст, ҳам тасаллибахш. Дилфишор аз он ки ҷойи “Мӯйсафедони баҳикмат” тадриҷан холӣ мешавад, вале боқӣ будани ёди некашон тасаллибахш аст. Ҳис дар шеър ҳолро менамояд ва ҳол воқеиятеро рақам мезанад, ки аз сари инсон, яъне мӯйсафедон гузаштааст. Ин тасвири ҳисомез омили таъсиргузори шеъри Камол, аз ҷумла шеъри ёдшуда мебошад.
Бо ҳамин усули ҳисомезӣ тасвир кардани воқеияти шоиронаи сарнавишти инсон дар шеъри шоир афзалият дошта, баёнгари ҳунари тасвиргарии ӯст. Ҳамин ҳунари шоир дар шеъри дигари ӯ “Духтаре дар кӯчаҳо” боз ҳам равшан ба назар мерасад. Дар шеър чеҳраи духтари танҳою парешону ҳайрон, ки шоир ба мушоҳида гирифтааст, ба тасвир омадааст. Тасвири ҳисомези ҳоли духтар, ки шоирро шефта кардааст, омили таъсиргузорӣ ва бақои ин шеър аст.
Духтаре дар кӯчаҳои шаҳр ҳайрон аст,
Мӯйҳояш чун хаёли ман парешон аст…
Меавезам бӯсаҳоямро
Бо кафи барги хазон бар мӯйи ӯ.
Баргҳо не, бӯсаҳои ман
Зери пойи ӯ ба армон мераванд.
Баргҳо не,
Бӯсаҳои ман
Бо нидои охирин ҷон мераванд.
Ӯ намебинад ба зери пойи худ
Ҷони сӯзон,
Ҷони сӯзони маро,
Ӯ ба ҳар теғи нигоҳаш мекушад
Содагиҳои ба армони маро.
Нақди адабии мо, аз чӣ бошад, ки ба ашъори ошиқона, ҳикматомез, шеъри ҳолат, ҳисомез ва тасвирии шоир чандон эътибор надодааст. Ҳол он ки Камол дар эҷоди ин гуна ашъор дид ва тарзи хоси нигориши худро дорад, ки марбут мешавад ба тарзи бардошти шоир аз воқеиятҳои зиндагӣ ва сарнавишти инсонҳо. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар ин гуна шеърҳо тасвирҳои шоир аз ҳамоҳангии бештаре бархӯрдоранд ва ин омил то ҷое таҳаввуле дар сувари хаёли ӯ ба вуҷуд овардааст, ки дар шеъраш, ба хусус ашъори ошиқонааш ошкор аст. Масалан, дар шеъри ошиқонаи “Изҳори ишқ” ҳолат ҳиссиёту хаёли шоирро ангезиш медиҳад ва ин тарзи идроки бадеии воқеият сабаби ҳисомезӣ ва таъсиргузории шеъри поён шудааст, ки далели ҳунари тасвиргарии шоир аст:
Бо ту мехоҳам сухан бе ҳарф гӯям,
Бо забони ашки борон, бо забони барф гӯям.
Бо ту мехоҳам сухан ногуфта гӯям,
Бо каломи баргҳои суфта гӯям.
Худ забон бошам саропо чун забони обшорон,
Бо забони сабзаи навзод, бо бӯи баҳорон.
Бо ту мехоҳам сухан хомӯш гӯям,
Бо забони бӯса, бо оғӯш гӯям…

Дар китобҳои Камол “Фаросӯйи нигоҳ” ва “Рӯ ба меҳроби Ватан” ашъори ҳикматомез ҷойгоҳи хос дорад. Сабаби дар эҷодиёти шоир нуфӯз пайдо кардани ин навъи шеърро Абдураҳмони Абдуманнон ба он вобаста медонад, ки “Камол ба камол расидааст” (Ҳамон асар, с.171). Воқеан таҷрибаи зиндагиву мушоҳидаҳо омили натиҷагириҳои инсон аз ҳодисаву воқеаҳои зиндагӣ мешавад. Вале ин таҷриба барои шоири ҳунарманд натиҷаи куллӣ ба бор оварда, ба андешаҳояш ҷомаи ҳикмат мепӯшонад, ки шеъри пурҳикмати “Гуфтугӯ бо худ” ҳосили ҳамин таҷриба аст. Ин гуна шеърҳои ҳикматомези Камол аз ҷиҳати сохтори мундариҷавию бадеӣ аз шеърҳои ҳамсони худ фарқ доранд. Аз шеъри ёдшуда чанд байтро намуна меоварем:
-Аз ҳама бӯҳои олам хуштаррини бӯ кадом аст?
-Бӯи нони гарм!
-Аз ҳама гулҳо гули хушрӯ кадом аст?
-Дар рухи духтар гули шарм!
-Аз ҳама волотарин ҳарфе, ки дорӣ ёд?
-Дар гусели ман дуои модарам!
-Аз ҳама ширинтарин лаззат?
-Ҳарфи тифлонро шунидан!
-Беҳтарин одоби чашмон?
-Айби мардумро надидан!
-Кист ғолиб аз ҳама кас дар ҷиҳод?
-Он ки хашмашро бикушт андар ниҳод!
-Чист рози зиндагии пурумед?
-Гиря кардан ҳамраҳи борон,
-Ханда кардан ҳамраҳи хуршед!..
Дар ин гуна ашъори Камол мавзуъоти мухталифи иҷтимоиву ахлоқӣ, дастурҳои зиндагонӣ, вазифаи одамӣ дар таҳзиби нафс ва такомули худ аз роҳи донишу хирадмандӣ ва монанди онҳо тавҷеҳ шудааст. Мавзуъ ҳамон аст, ки аз “Ҷовидон хирад” сар карда, то “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва осори баъдӣ мутаваҷҷеҳи он будаанд. Вале тарзи ироа ва тасвири Камол аз ин мавзуъ фарқ дорад. Вай бештар мутаваҷеҳи ҳаводиси рӯзгор ва натиҷагирӣ аз омаду ноомади он аст. Таҷрибаи зиндагӣ ба ӯ имкон додааст, ки аз ҳаводиси зиндагӣ сабақ гирад, амалу кирдори одамонро натиҷагирӣ кунад ва дарёфтҳои маънавиашро ба сурати ҳикмат таҷассум намояд. Шеъри “Чӣ гуна мард бояд буд?” ҳосили мушоҳидаҳо ва натиҷагириҳои шоир аз пасту баланди рӯзгор ва хӯю хислати инсонҳост:
Чӣ гуна мард хоҳӣ буд…?
Даме, ки муттакои бовари ту бишканад, бархез,
Ки қадду қомататро муттакои боварат созӣ…
Ғаматро гулхане дар базмҳои шодмонӣ кун,
Сукути пандрезатро забони безабонӣ кун,
Биё, дар ин замин як зиндагии осмонӣ кун…
Ба рӯзи мурданат лабханд дар лаб арғувонӣ кун,
Ба рӯзи муданат дар марги худ ҳам зиндагонӣ кун…
Ин гуна шеърҳои Камол аз шавқу шӯри дил, муҳаббати рӯзгор, талқини покизагӣ ва бузургиву шаҳомати инсонӣ, аз меҳрубониву дисӯзӣ, аз шӯру исён, аз ҳамдардию ҳамдилӣ ба хонанда паём мерасонанд. Дар ҳамин гуна шеърҳо маслаки инсонӣ ва ҳадафи шоирии Камол Насруло зиндагишиносӣ, ҳадафу ормон ва умедҳои созандаи ӯ ҳунармандона инъикос ёфтаанд. Яъне Камол мазмуну муҳтаворо урён намегӯяд, балки тасвирҳои шоирона ҷузъи ҳунари шоирии ӯст. Аз ҳамин мавқеъ аносири табиат дар идроки бадеӣ ва тарзи тасвири ӯ нақш ва ҷойгоҳи хос дошта, пеш аз ҳама, намоёнгари ҳунари тасвиргарии ӯст.
Табиат дар шеъри Камол ба ду гуна матраҳ шудааст. Аввалан аз назари тавсифҳои холис, ки васф ба хотири васф набуда, маъниҳои гуногунро ифода кардаанд ва шеърҳои комил ҳастанд. Аз ҷумла байтҳои поён тасвирҳои сода буда, маънии мушаххас доранд:
Ин бӯву таровате, ки дорад
Пайғоми муаттари биҳишт аст.
Дар себ бубину зиндагӣ кун,
Зеро ки биҳишт дар сиришт аст.
Як имтиёзи шеърҳои васфии Камол дар бораи табиат иборат аз он аст, ки вай дар ин гуна ашъор ба ғайр аз васфҳое, ки аз табиат мекунад, дар заминаҳои ғайр аз табиат, яъне дар ҳавзаи бисёре аз маонии таҷридӣ ва ё тасвирҳое, ки аз инсон ва хусусиятҳои ҳаётии ӯст, боз ҳам аз табиат ва аносири он кӯмак мегирад ва дар ин гуна тасвирҳо ранги аслии унсури табиат равшантар ва маҳсустар ошкор мешавад, ки далели ҳунар ва фардияти эҷодии ӯст. Масалан, пораи зер намунаи таҷрибаи волои шоир дар ин замина аст:
Ин қадар аз мағз-мағзи ҷисму ҷонат вошукуфтӣ,
Ин қадар дар нахли ҷонозодаву зебо шукуфтӣ!
Бо чӣ эъҷозе ту ин рози муҷаллоро бурун овардаӣ,
Ин шукуҳи осмониро чӣ гуна
Аз дарун оварда?!
Эй худо, бар мо чунин неру бубахш
Чун дарахти себ будан,

Осмон бар сар чунин зебову беосеб будан.
Ин пора аз шеъри “Гули себ”-и шоир иқтибос шуд. Васфи шукуфтани муъҷизаосои гули себ бардошти шоирона аз табиат аст, вале ин васфи одӣ ва беҳадаф набуда, тасвир бо хусусиятҳои ҳаёти инсон ҳамоҳангӣ дарад ва маънии зистани боҳавас ва боҳадафро талқин мекунад, ки ҷонмояи шеърҳои дар васфи табиат гуфтаи Камолро ташкил мекунад.
Дар хотимаи ин муҳаббатнома ифтихорамро аз ҳузури густурдаи ин шоири шеърҳои нағз ошкор карда гуфтаниям, ки Камол Насрулло ҳоло шоири баркамол буда, раванди ташаккул ва таҳаввули шеъри имрӯзаи тоҷикиро бидуни ҷустуҷӯҳои эҷодии ӯ тасаввур кардан нашояд. Ба ифодаи саҳеҳтар, вай дар инкишофи шеъри муосир ва тамоюлҳои ҳунарии он нақши мондагор дорад, ки боиси ифтихор ҳам ҳаст.
Ҷумъа Ҳамроҳ, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики
Донишгоҳи Давлатии Самарқанд,
доктори илмҳои филологӣ, профессор

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ