Доир ба варианти нави SARS-CoV-2 ҷамъомади машваратии онлайнӣ доир гардид

23 декабр бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо доир ба варианти нави SARS-CoV-2 ҷамъомади машваратии онлайнӣ доир гардид. Дар ҷамъомади мазкур директорони минтақавии СУТ ва намояндагони вазоратҳои тандурустии як қатор кишварҳо иштирок намуданд.
Тоҷикистонро дар ин ҷаласаи машваратӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Самариддин Ализода намояндагӣ намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа иштирокчиён доир ба варианти нави SARS-CoV-2 мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон муовини сарпизишки тиббии Англия, профессор Ҷонатан Ван-Там ва ҳамкорони ӯ маълумоти охиринро дар бораи беморӣ ба ҳозирин пешниҳод намуда, ба саволҳои иштирокчиён посух гардониданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ