Роҳбари Бунёди интихоботи озод ва шаффофи Афғонистон дар Кобул кушта шуд

23-юми декабр роҳбари Бунёди интихоботи озод ва шаффофи Афғонистон Юсуф Рашид дар Кобул кушта шуд, хабар медиҳад afghanistan.ru
Ҳодиса тақрибан соати 8:30 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Бародари марҳум ба намояндагони матбуот иброз намуд, ки Юсуф Рашид ба сӯи дафтари кориаш равон буд ва афроди мусаллаҳи номаълум ба мошини ӯ ҳамла карданд. Бар асари захмҳо Рашид ва ронандааш дар ин ҳамла ҷон бохтаанд.
Ҳеҷ гурӯҳе аз мухолифони мусаллаҳи оштинопазир то ҳол масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигор Раҳматуллоҳ Некзод рӯзи душанбеи гузашта дар вилояти Ғазнӣ кушта шуд. Журналисти телевизион Малола Майванд чанд рӯз пеш дар Ҷалолобод қатл шуд. Ҳамлаҳо алайҳи кормандони ВАО ва ҳомиёни ҳуқуқ ҷомеаи Афғонистонро ба изтироб овардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ