Berliner Telegraph»: Шавкат Мирзиёев – ислоҳотгари қатъӣ аст


Маҷаллаи олмонии «Berliner Telegraph» дар шумораи моҳи декабр дар бораи рушди Ӯзбекистони имрӯз мақолаи таҳлилӣ чоп кард. Дар мақола Ӯзбекистон ҳамчун маркази Авруосиё ва пураҳолитарин кишвари Осиёи Марказӣ дорои мавқеъи асосӣ дар ҳамкории минтақавӣ эътироф шудааст.
Маттиас Дорнфелд, муаллифи мақола менависад, “Роҳбари кишвари пураҳолитарини Осиёи Марказӣ фаҳмид, ки бояд дар ҳамкории минтақавӣ нақши асосиро ба ӯҳдаи худ гирад. Масъалаи об дар миёни Қирғизистону Тоҷикистон ва кишварҳои поёни дарёҳои минтақавӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон ҳал шуд. Гузаргоҳҳои дуҷониба боз шуданд, робитаҳои ҳавоӣ ва заминӣ барқарор гардиданд. Ӯзбекистон дар минтақа ба рушди умумии иқтисодиву амниятӣ ва барқарорӣ кӯшиш мекунад”.
Ӯ мегӯяд, “Баъди интихоботи раисҷумҳурии соли 2016 сиёсати Ӯзбекистон дар мавриди Афғонистон дигар шуд… Раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев дарк кард, ки амнияти Афғонистон барои Ӯзбекистон низ масъалаи амниятӣ аст, ҷараёни сулҳу осудагӣ дар Афғонистон барои минтақа ва ҷаҳон низ муҳим мебошад”.
Дорнфелд хулоса кард, “Сиёсати хориҷӣ ва минтақаии Ӯзбекистон аз чор сол пеш ба ин ҷониб, ки Шавкат Мирзиёев раисумҳур интихоб шуд, хеле тағйир ёфт. Ислоҳоти муҳим оғоз ёфт, кишвар боз шуд ва мунтазам дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳову таклифҳои сиёсии худро пешниҳод мекунад”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ