Дар вилояти Кописои Афғонистон ҳомии ҳуқуқҳои занон кушта шуд

Рӯзи панҷшанбе фаъоли ҷамъиятӣ ва ҳомии ҳуқуқҳои занон Фаришта Кӯҳистонӣ дар ҳудуди вилояти шарқии Афғонистон Кописо кушта шуд, хабар медиҳад ба Afghanistan.ru.
Тибқи иттилои ВКД ҶИА, фоҷиа тақрибан соати 17 дар ноҳияи Кӯҳистон рух додааст. Афроди мусаллаҳи номаълуми савори мототсикл ҳомии ҳуқуқро куштанд. Тибқи иттилои ВКД, бародари ӯ низ дар ин ҳамла маҷрӯҳ шудааст, аммо намояндагони полиси маҳаллӣ дар бораи марги ӯ хабар доданд.
Тибқи иттилои матбуоти Афғонистон, Кӯҳистонӣ ҷонибдори наздики раиси Шӯрои олии оштии миллии ҶИА Абдуллоҳ Абдуллоҳ буд.
Ёдовар мешавем, ки Юсуф Рашид, раҳбари Бунёди интихоботи озод ва шаффоф як рӯз пеш дар Кобул кушта шуд. Чанд рӯз пештар, рӯзноманигор Раҳматуллоҳ Некзод дар назди хонаи худ дар вилояти Ғазнӣ ҳадафи тир қарор гирифт.
Бад шудани вазъи амниятӣ ва мавҷи куштор нигаронии ҷиддии ҷомеаи Афғонистон ва ҷомеаи байналмилалиро ба бор овардааст.
Дар ҳамин ҳол, Муовини дуввуми президент Муҳаммад Сарвар Дониш гуфт, ки душманони Афғонистон бо ҳамлаҳои мақсаднок ба рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар манотиқи гуногуни кишвар талош мекунанд, ки ваҳму даҳшатро паҳн кунанд ва даъват кард, ки «ба ҷанги равонии душман набояд таслим шуд».
Дар ҳамин ҳол, Ҷозеп Боррел, намояндаи Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷи ва амният даъват кард, ки кушторҳо таҳқиқ ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ