Фариштаро куштанд

Фариштаи Кӯҳистонӣ, яке аз фаъолони ҳуқуқи зан дар вилояти Каписои Афғонистон, аз сӯи шахсони ношинос кушта шудааст. Сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, Ториқ Ориён, гуфт, ҳодиса баъд аз зуҳри 24-уми декабр рух дод. Пулиси Каписо мегӯяд, дар ин ҳамла бародари Фаришта Кӯҳистонӣ маҷрӯҳ шуд. Телевизони «Тулуъ» хабар дод, ки мақомот ҳамларо таҳқиқ доранд. То ин дам ҳеч гуруҳ масъулияти ҳамларо напазируфтааст. Кушта шудани Фаришта Кӯҳистонӣ аз ҷумлаи қатлҳои ҳадафмандона дар Афғонистон будааст, ки нигарониҳои байнулмилалиро ба бор овардааст. Ин ҳодиса як рӯз баъди он рух дод, ки Юсуф Рашид, раиси як гуруҳи назорат бар интихоботи мустақили Афғонистон дар Кобул кушта шуд. Маъмурияти Созмони Милали Муттаҳид теъдоди қатлҳои ҳадафмандонаро дар Афғонистон «нигаронкунанда» хонд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ