Шавкат Мирзиёев: Минтақаҳои хурди саноатии ҷавонон таъсис меёбанд


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дар суханронии худ дар форуми ҷавонони кишвар дар бораи таъсиси минтақаҳои хурди саноатии ҷавонон ҳарф зад.
Бино ба хабари маркази матбуотии Ӯзбекистон, ин минтақаҳо бар асоси таҷрубаи мавҷуди таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис хоҳад ёфт.
Гуфта мешавад, ки барои таъмини молиявии лоиҳаҳои ҷавонон дар вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ сандуқи (фонд) махсус эҷод мешавад ва ба он 100 миллион доллар маблағ тақдим мегардад. Ин сандуқ барои амалисозии лоиҳаҳои ҷавонон бо шартҳои мусоид ва фоизҳои паст қарз медиҳад. Ҳамчунин, дар минтақаҳои хурди саноатӣ коргоҳҳо сохта мешавад ва бо имтиёзҳои гуногун ба ҷавонон ба иҷора дода мешавад.
Мирзиёев барои иҷрои ин ташаббус ба масъулон дастур дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ