Ширкати британияӣ фурӯши ҳавои тозаро ба роҳ андохт


Ширкати «My Baggage»-и Британияи Кабир фурӯши ҳавои тозаро оғоз кард. Ин ширкат ҳавои тозаи Англия, Шотландия, Уэлс ва Ирландияи Шимолиро ба зарфҳои шишаӣ ҷой мекунад ва ба муштариён пешниҳод мекунад.
Гуфта мешавад, ки нархи як зарфи 0,5 литрии пур аз ҳавои тоза 33 доллар аст. Иловар бар ин, ширкат ваъда медиҳад, ки бар асоси супориши муштариён ҳавои кишвари дилхоҳро ба онҳо дастрас кунад.
Ширкати «My Baggage» қабл аз ин бӯйи ресторани «Fish and Chip»-ро низ дар зарфҳо ҷой карда фурӯхтааст.
Ёдовар мешавем, чанде пеш нахустин бор дар фонди биржаи Уолл-Стрит харидуфурӯш бо об оғоз шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ