Маркази хизматҳои давлатӣ

дар бинои нав ба фаъолият сар кард

Дар ноҳияи Пайариқ бинои нави Маркази хизматҳои давлатӣ ба истифода супурда шуд.
Дар тадбире, ки ба ин муносибат ташкил гардид, ҳокими вилоят Э. Турдимов, вакилони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, кормандони соҳа, собиқадорон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
– Шиори «На халқ ба идораҳои давлатӣ, идораҳои давлатӣ бояд ба халқ хизмат расонанд» имрӯз ба мизони асосии фаъолияти роҳбари ҳар як корхонаву ташкилот табдил ёфтааст, – гуфт роҳбари Маркази хизматҳои давлатии ноҳия Дилшод Сувонов. – Маркази хизматҳои давлатӣ ва дигар мақомоти мутасаддӣ бо мақсади пурзӯрсозии ҳамкории байни ташкилотҳои ҷамоатӣ ва мардум, ҳалли саривақтии муаммо ва мушкилиҳои онҳо ва бо ин роҳ беҳсозии шароити рӯзгори халқ чорабиниҳои заруриро меандешанд. Дар ноҳия ба фаъолият сар кардани бинои замонавии Маркази хизматҳои давлатӣ барои хизматрасонии босифат ба аҳолӣ, дар фурсати кӯтоҳ ҳал кардани мушкилиҳои онҳо, дастгирии соҳибкорон хизмат мекунад. Бинои нав аз тарафи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Қобил Қурувчи Сервис» бар ивази маблағи 3,2 миллиард сӯм қадр рост кард. Марказ дар як вақт дар 16 нуқта ба аҳолӣ хизмати саривақтӣ ва босифат мерасонад.
Дар бинои навбунёд барои кормандони соҳа ва аҳолӣ тамоми шароитҳои хуби замонавӣ муҳайё карда шудаанд. Дар он майдончаи бачагон, китобхона, ӯтоқҳо барои инвесторон мавҷуд. Шаҳрвандон тавассути панҷ монитор метавонанд навбати электрониро мушоҳида кунанд.
Дар марказ инчунин, фаъолияти қабулхонаи сарвазир барои тадбиркорон, маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ, нотариус, шӯъбаи мигратсия ва расмигардонии шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст.
Баъд аз тадбир бинои нави қабул-­диагностика ва маъмурии Иттиҳодияи тиббии ноҳия мавриди истифодабари қарор гирифт.
Инчунин, дар маҳаллаи “Янги ҳаёт”-и ноҳия дар асоси барномаи инвеститсионӣ бинои панҷошёнаи дорои 72 хонадон бунёд гардида, ба соҳибони худ супорида шуд.
Дар маросими ифтитоҳи бино ҳокими вилоят Э.Турдимов, прокурори вилоят Р.Машарипов, сарвари Садорати андози давлатии вилоят А.Иноғомов, ҳокими ноҳия Д.Мусинов иштирок карданд.
Ба сухан баромадагон иштирокдоронро бо фарорасии соли нав табрик намуда, аз шароитҳое, ки баҳри истиқоматкунандагон фароҳам оварда шудааст, шинос гардиданд ва ба хурсандии онҳо шарик шуданд.


Дар ноҳияи Оқдарё низ бинои нави Маркази хизматҳои давлатӣ ба истифода супорида шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ