Марказ ба муассисаи азими илмию фарҳангии омӯзиши мероси исломӣ табдил ёфт

Рӯзи 23-юми декабри соли ҷорӣ бо мақсади шиносоӣ бо корҳое, ки аз ҷониби Маркази байналмилалии илмию тадқиқотии Имом Бухории назди Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистони воқеъ дар ноҳияи Пайариқ амалӣ мегарданд, пресс-­тур ташкил гардид.
Иштирокдорон аввал мақбараи Имом Бухориро зиёрат карданд.
Сипас, директори марказ Ш. Зиёдов журналист ва блогерҳоро бо шароити барои ходимони илмии марказ муҳайёкардашуда, музей ва китобхона шинос кард.
Иштирокдорони тадбир китобу рисолаҳои аз ҷониби марказ нашршуда ва намунаҳои хаттотии Маркази тарғиби таърих, санъат ва маданияти исломиро аз назар гузаронданд.
Дар толори марказ бо иштироки журналист ва блогерҳо ва ходимони илмии марказ мулоқоти кушод ба амал омад. Дар он Ш. Зиёдов, роҳбари шӯъбаи алоқаҳои байналмилалӣ Б. Амонов ба иштирокдорон оид ба корҳои дар марказ амалигардида маълумот ва ба саволҳои ходимони ВАО посух доданд.
Таъкид гардид, ки дар марказ шӯъбаҳои илмию тадқиқотӣ, алоқаҳои байналмилалӣ, кор бо дастхатҳо ва музей, тадбирҳои динӣ-­маърифатӣ, нашрҳо, технологияҳои ахборӣ, китобхона фаъолият пеш мебаранд.
Дар марказ аз рӯйи омӯзиши мероси алломаҳои бузург, васеъ тарғиб намудан, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо марказҳои бонуфузи байналмилалӣ чораву тадбирҳо амалӣ мегарданд. Масалан, аз тарафи шӯбаи алоқаҳои байналмилалии марказ 7 конфронси байналмилалӣ ва 14 онлайн-­семинар ташкил гардид. Бо 27 маркази пешсафи тадқиқотии исломии дунё, донишгоҳҳо меморандумҳои ҳамкорӣ имзо шуд ва бо марказҳои илмии Британияи Кабир, Франсия, Германия, ИМА, Миср, Арабистони Саудӣ, Туркия, Малайзия, Покистон, Ҳиндустон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон алоқаҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд.
Аз ҷумла, бо Маркази тадқиқотҳои исломи Оксфорти Британияи Кабир, Донишгоҳи Кембридҷ, Хазинаи «Al-­Furqon», Маркази маданияти исломии Лондон ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд. Аз тарафи кормандони шӯъбаи илмӣ-­тадқиқотии марказ 56 китоб ва рисолаҳои халқона ба нашр тайёр гардид. Дар китобхонаи марказ корҳои ба забони ӯзбекӣ зина ба зина тарҷума кардани асарҳои ноёби ҳифзшаванда оғоз гашт. Дар солҳои 2020–2023 тарҷимаи 21 асари калони алломаҳои бузург дар назар аст. То ин вақт 6 асар ба ӯзбекӣ тарҷума гардид ва омодаи нашр аст. 453 мақола дар маҷалла ва маҷмӯаҳои гуногун чоп шуд. Ходимони илмии марказ дар конференсия ва семинарҳои дар саҳти ҷумҳуриятӣ ва байналмилалӣ гузаронидашуда бо 264 маърӯза иштирок карданд.
Нусхаҳои электронии 1168 дастхат ва асарҳои нашри сангии дар фонди китобхонаҳои мамлакатҳои хориҷӣ ҳифзшаванда гирифта шуд. Феҳристи 535 асари дар марказ ҳифзшаванда тайёр карда шуд.
Сипас, иштирокдорон бо фаъолияти Мактаби илми ҳадиси назди Идораи мусулмонони Ӯзбекистон шинос гаштанд. Ректори мактаб Олимхон Юсуфов иштирокдоронро хуш истиқбол гирифта, якояк дарсхонаҳо, толор, ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, кафедра ва хонаи омӯзгоронро нишон дод. Дар бораи таъсис ва фаъолияти мактаб сухан кард.
– Муддати хониш дар мактаб 5 сол аст, – гуфт Олимхон Юсуфов. – Хониш дар шакли рӯзона буда, мутахассиси дараҷаи бакалавр аз рӯйи ихтисоси илми ҳадис, фанҳои динӣ ва омӯзгори забони арабӣ тайёр карда мешавад. Донишҷӯён аз 29 фан таълим мегиранд. Аз ҷумла 11 фанни ихтисосӣ чун ҳадис ва шарҳ, матнҳои Ҳадис, аҳкомул ҳадис, таърихи ислом ва Донишҷӯён дар асоси фанҳои мазкур 38 китоби дарсиро дар асоси анъанаи «устод-­шогирд» меомӯзанд. Дар ин мактаб якчанд нафар олимони шинохтаи донишкадаҳои динии мамлакатҳои араб низ сабақ медиҳанд.

Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ