Муаллим – дили таълиму тарбия

Мусоҳибаи журналист Бахтиёр Ҷумъа бо роҳбари Иттиҳодияи методии директорони мактабҳои шӯъбаи таълими халқи ноҳия, директори мактаби таълими умумии рақами 39-и ноҳияи Самарқанд Равшан РАҶАБОВ.
– Президенти мӯҳтарами мамлакатамон Шавкат Мирзиёев ба масъалаи таълиму тарбия эътибори калон дода, ислоҳоти васеъмиқёсеро дар амал ҷорӣ менамоянд, – гуфт дар оғози сӯҳбат Равшан Раҷабов. – Корро аз боғчаҳо сар карда, барои баланд бардоштани ҳурмату эътибори омӯзгорон чораҷӯиҳои зиёд ба ҷо оварда мешаванд. Ба ин қабул карда шудани чандин қарору фармонҳо ва қабули қонун «Дар бораи таълим» мисол шуда метавонанд. Ҳамаи инҳоро дар мактаби мо, ки дар маҳаллаи Андиҷонӣ ҷой гирифтааст ва ба 941 нафар хонанда 60 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд, мушоҳида намудан мумкин аст. Баъди давраи карантин бо қарори Шӯрои намояндагони халқи ноҳия аввалин шуда, яъне рӯзи 14-уми сентябр ба хондан рухсат доданд. Дар даромадгоҳи мактаб барои пешгирии коронавирус тамоми шароитҳои муҳофизатӣ фароҳам гардонида шуд. Дар ин бобат саҳми ҳомиён калон аст. Ба 5 нафари онҳо аз тарафи мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳия Баҳриддин Мардонов ташаккурнома дода шуд. Баъди ин гуна чорабиниҳо дили падару модарон барои ба мактаб фиристондани бачаҳояшон гарм гардид. Агар дар аввали соли хониш 200 нафар бачаҳо ба тарзи онлайн таълим гирифта бошанд, ҳозир се нафар монданд. Волидон аз масофавӣ хондан дида, дар мактаб хондани фарзандонашонро авло медонанд.
– Вазифаи мактаб таълими хонандагон мебошад. Барои ин тарзи таълимро дуруст ба роҳ монда, натиҷаҳои хуб ба даст овардан зарур аст.
– Албатта, барои хуб ба роҳ мондани системаи таълим бар замми қарору низомҳои маъмулӣ аз тарафи шӯъбаи маориф супоришҳои иловагӣ дода мешаванд. Вазифаи асосии мо, баробари баландбардории сифату самаранокии таълиму тарбия сафи дохилшавандагонро ба мактабҳои олӣ зиёд кардан аст. Масалан, худи ҳамин сол аз 96 нафар хатмкунандагони мактаб 4 нафар бо қувваи худ ва 7 нафар бо суперконтракт ба мактабҳои олӣ дохил шуданд. Ин 12–13 фоизи хатмкунандагонро ташкил мекунад. Ман таҳлил карда баромадам: хонандагоне, ки синфи тоҷикиро хатм карданд, бо 65 хол барои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба хондан мушарраф шуданд ва моро рӯсурх гардонданд.
– Шумо соли дуввум аст, ки ба ин мактаб роҳбарӣ мекунед. Бигӯед, ки баъди қабули ин қадар қарору фармонҳо, ки хулоса карда гӯем, ислоҳоти соҳаи маорифро дар бар мегирад, дар мактаб чӣ хел тағйиротҳо ба амал омаданд?
– Дили таълиму тарбия ин муаллим аст. Комёбиву пешравиҳои мактаб ҳам, ба омӯзгорон вобаста аст. Дар қонуни «Дар бораи таълим» иловаҳои зиёде дароварда шудаанд, ки дили муаллимҳоро ба кор гарм мекунад. Порсол моҳи декабр маоши муаллимон 1,5 баробар зиёд карда шуд.
Тоифа гирифтан пештар дар ҳар 5 сол як маротиба бошад, ҳоло ҳар сол ба супоридан иҷозат додаанд. Ба туфайли тоифа ба моҳонаи муаллимон иловапулӣ зам мегардад. Ҳамаи ин тақозо мекунад, ки муаллимҳо омӯзанд, дар болои худ бештар кор кунанд ва сазовори боварии халқу давлат шаванд.
– Биёед, рӯирост гап занем: ҳозир чанд фоизи муаллимони мактаб дар болои худ кор мекунанд, яъне китоб мехонанд, ба китобхонаи мактаб ё дигар ҷо аъзоянд?
– Дар ҳамин шабу рӯз 10–12 нафар муаллимон доир ба фанҳои худ аз китобхона адабиёти иловагӣ мегиранд. Баъд адабиёти электронӣ мавҷуданд. Боз ҳамаашон ноутбук доранд ва бо онҳо ба дарс медароянд. Тамоми муаллимон дарс­ро ба ҳаёт вобаста карда, бо услубҳои нав ба нав мегузаранд. Худи ман ҳоло китоби Шодмон Амонуллоев «Ҳурмати шири сафед»-ро хонда истодаам. Ончунон солҳои қаҳтӣ ва ҷангро реалӣ тасвир кардаанд, ки ба чашматон об медавад. Ман фикр мекунам, касе ки адабиёти бадеии хуберо мехонад, ҳеҷ вақт хор намешавад. Масалан, аз 5 ташаббуси Президент чорумаш айнан ҳамин масъаларо дар бар мегирад.
– Соле дар мактаб чӣ қадар тадбирҳои вобаста ба маърифату маънавият гузаронида мешавад? Тақдимоти китоб, вохӯрӣ ва ё шабҳои адабиву бадеӣ ташкил мегарданд?
– Ҳар сол мо нақша тартиб медиҳем. Бо хоҳиши хонандагон тақдимоти китобро ба назар гирифта, варианти тасдиқшудаашро эълон мекунем. То давраи карантин тақдимоти китобҳои Ориф Гулханиро гузаронидем. Набераи шоир – Муқимҷон Орифӣ омаданд. Бо бачаҳо сӯҳбат карданд, тухмӣ ва гулҳои зиёде бахшиданд. Баъд тақдимоти китоби Аслиддин Қамарзодаро гузаронида будем. Афсӯс, ки карантин сар шуд. Ният дорем, ки баъди Соли нав ба тамошои Хона-­музейи Ориф Гулханӣ равем.
– Пандемия на танҳо ба ҳаёту иқтисодиёт, балки ба донишазхудкунии мактаббачаҳо ҳам таъсир расонд…
– Мо дар охири ҳар чоряк дарсазхудкунии хонандагонро таҳлил мекунем. Порсол дар чоряки якум 67 фоиз, дар чоряки сеюм 72 фоизро ташкил мекард. Баъди карантин, рости гап, хониши бачаҳо суст гардид. Дарсазхудкунии онҳо то 50–55 фоиз поин фаромад. Дар чоряки дуввум тахминан 65–67 фоиз мешавад. Илмомӯзӣ ба воситаи онлайну мактабӣ фарқи калон дорад.
– Чӣ вазъияте набошад, мо бояд меҳри бачаҳоро ба мактаб ва хондани китоб зиёд гардонем. Дар ин бобат гузаронидани чӣ гуна тадбирҳоро мувофиқи мақсад медонед? Охир одам бояд як умр худро такмил диҳад.
– Оиди ин масъала даҳҳо китобҳои услубӣ мавҷуд аст. Вақте ки ман дар ҳокимияти ноҳия кор мекардам, ҳангоми ҳамкорӣ бо иттифоқи ҷавонон ба бачаҳои дар тадбиру чорабиниҳо фаъол, 5–10 адад китобҳоро хушрӯ баста, тӯҳфа мекардем. Баъзеҳо танқид менамуданд, ки «рӯзатон ба китоб монд? Ба ҷойи он телевизор, компутер ё чизҳои дигар бахшед, намешуд?» Мо баъдтар бо ҳамонҳо сӯҳбат кардем, ки ба тӯҳфа на нархаш, балки ба аҳамияташ нигоҳ карда, баҳо додан лозим аст. Охир одаме, ки илмнок шуд телевизор ҳам, хона ҳам, мошин ҳам гирифта метавонад. Дар ин бобат услуби худи ман бештар гузаронидани вохӯриҳо мебошад. Ҳангоми вохӯриву тақдимоти китобҳо шоир, нависанда, устоди ягон соҳа ба бачаҳо оиди ҳаёту эҷодиёти худ воқеаҳои шавқовар гуфта диҳанд, ибрат мешавад. Худи мо китоб хонданамон даркор ва танҳо бо ин роҳ меҳри бачаҳоро ба китобхонӣ бедор кардан мумкин аст. Ҳозир мо ахбори аввалинро ба воситаи технологияҳои коммуникатсионӣ мегирем, баъд аз газетаву журналҳо. Ман бо ин гуфтаҳо газетаҳоро танқид кардани не. Ҳоло бачаҳо бобати гирифтани маълумоти виртуалӣ хеле пеш рафтаанд. Ман фикр мекунам, ки дар тақдимотҳои китоб роҳбари мактаб шахсан дар сари кор истад. Марди саховатпеша, роҳбари «Олами китоби Самарқанд» Акбар Маҳмудов ҳастанд. Даркор шаванд, телефон мекунем, он кас зуд дар мактаб ярмаркаи китоб ташкил мекунанд. Дар дигар мактабҳо 200–300 ҳазор сӯмина савдо кунанд, хонандагони мактаби мо дар ним ё як соат 1–1,5 миллион сӯмина китоб мегиранд. Ин аз меҳри баланди китобхонӣ ва услуби корбарии мо гувоҳӣ медиҳад.
– Президентамон ваъда дода истодаанд, ки маоши муаллимонро ба ҳазор доллар баробар мекунанд. Дар он сурат муаллимон чӣ хел кор кунанд?
– Ҳама бештар дар мактаб монда, аз таҳти дил ва бо тамоми қувва кор мекунанд. Албатта, ҳозир ҳам кор карда истодаанд. Муаллимони фидокору дилсӯз дар мактаб бис­ёранд. Масалан, муаллимаи фанни кимиё Роҳила Қобилова, омӯзгори риёзиёт Дилафрӯз Баҳриева, забону адабиёт Дилноза Раззоқова, муаллими таърих Зафар Зиёев, забони англисӣ Икром Тоҳиров, муаллими технология Мансурҷон Норов ва дигарон аз ҳамин қабиланд. Ба туфайли корбарии хуби онҳо ду нафар хонандагони мактаб ғолиби зинаи ноҳиявии олимпиада шуда, ба зинаи вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Ҳозир маоши муаллимон аз 1 миллиону 200 ҳазор сар шавад, гурӯҳе аз омӯзгорон то 3,5 миллион – 4 миллиону 200 ҳазор сӯм моҳона мегиранд. Бо ғамхории Президентамон андози даромад кам карда шуд. Муаллимон аз ин хурсанд. Яъне, ҳоло аз ҳамон маоши ваъдагӣ муаллимоне ҳастанд ки аз се як ҳиссаашро мегиранд. Агар иқтисодиёт барқарор ривоҷ ёбад, маоши 10-миллионсӯмаро ҳам мегирем ва мувофиқи ҳамон боз хубтар кор мекунем.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ