«Ба истифодаи фонограмма муқобил ҳастам»

Ҳофизи шинохтаи самарқандӣ Маъруф Бозорзод кайҳост, ки бо сурудҳои дилпазир ва муассири худ дили ҳазорҳо мухлисони санъатро тасхир кардааст.
Маъруф Бозоров 5-уми майи соли 1954 дар деҳаи зебоманзари Миронқули ноҳияи Самарқанд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1972 мактаби таълимоти умумии рақами 28-ро хатм карда, шомили факултаи мусиқаи собиқ Донишкадаи омӯзгории Самарқанд мешавад ва донишкадаро соли 1977 хатм кардааст.
Сӯҳбати хабарнигор Ӯктам Иброҳим бо ҳофизи номдор дар мавриди олами асроромези санъат, заҳмати пайвастаи санъаткорӣ ва ғайра буд, ки ба таваҷҷӯҳи муштариён ҳавола мешавад.
– Санъат жанрҳои мухталифро дорост. Масалан, жанри эстрадаро як жанри дилхушкунанда мегӯянд. Аз мушоҳидаҳоямон бармеояд, ки аз тариқи садо ва симо бисёр ҳофизони ҷавон маҳз дар ҳамин жанр ҳунарнамоӣ мекунанд. Аммо як нуктаро мебояд таъкид кард, ки оҳанг ва сурудҳои онҳо гӯшнавоз нестанд, ноҷӯранд. Шеърҳои онҳо ҳам сабукмағзона ҳастанд, маънии амиқ надоранд. Назари Шумо нисбат ба чунин падида чӣ гуна аст?
– Ҳар як санъаткор мебояд кори худро хуб бидонад. Бигзор ба чунин ҳофизони муқаллид, саҳлангор худи мардум баҳо диҳанд. Камина аз айёми ҷавонӣ бо санъат алоқамандӣ пайдо кардаам. Ҳофизиро бо иҷрои сурудҳои классикӣ, мақом оғоз карда, то имрӯз онро идома медиҳам. Бисёр мехостам, ки ҷавонони мо ба ҳамин гуна сурудҳо меҳр бимонанд.
– Яъне барои санъаткори ҳақиқиву асил гардидан машақкат кашидан лозим?
– Рост. Бисёр мутолиа кардан, пайваста заҳмат кашидан лозим. Суруди хубу марғуб худ аз худ ба даст намеояд. Ҳофиз то ранҷ накашад, ба манзили мурод намерасад ва ба дили халқ ҳам роҳ ёфта наметавонад. Сурудҳое, ки Шумо зикр кардед, дар кадом жанре набошанд, умри ду-­серӯза доранд. Ба қавле аз як гӯши сомеон даромада, аз дигараш баромада мераванд. Албатта, чунин сурудҳо ба асаби мухлисони ҳақиқии санъат мерасанд, завқи шунавандагон, алалхусус, ҷавононро коҳиш медиҳанд…
– Мақсад аз санъаткорӣ чист? Чуноне ки ягон шоир барои худ шеър иншо намекунад, адиб ҳам барои худ эҷод намекунад, ҳофиз ҳам барои худ суруд намехонад. Ҳамин тавр нест?
– Санъаткор на танҳо барои ифодаи дарди худ, балки дарди мардум суруд мехонад.
– Дарди халқ гуфта, чиро фаҳмидан мумкин?
– Ба таври дигар гӯем, ҳофиз на фақат ғамшарики халқ, ҳамдаму ҳамнафаси мардум аст, балки ҳамаи эҳсосоти дили халқро, ки дар ҳас­тияш ҷамъ омадаанд, дар сурудҳояш мебояд ифшо созад, ифода кунад. Сурудҳои бедардона, сабукмағзона ҳофизро беобрӯ мекунанд.
– Дар барномаи сурудҳои шумо сурудҳои насиҳатомез, пандомӯз бисёранд. Чаро маҳз чунин сурудҳоро месароед?
– Рост аст. Дар репертуари мо бисёр сурудҳо дар ҳаққи падару модар ҳастанд. Ба фикрам, кам инсоне ҳаст, ки падар, модарро дӯст надорад. Ва баъд аз даргузаштани онҳо дили пурдард надош­та бошад. Мебояд, ки ҳар як инсон нуктаеро дарк кунад: вай хоҳ сағир ва хоҳ кабир бошад, сароғози умраш аз падару модар аст. Онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накарданаш лозим.
Дар деҳаи Миронқул устодамон Ҳоҷиқурбон Абулфайзов зиндагӣ мекарданд. Аз дафтарҳои ҳамон кас ман ҳамин гуна сурудҳоро гирифтаам ва сурудаам.
– Манзури ман: шумо бо сурудҳои пандомези худ сомеонро чизе омӯхтан мехоҳед?
– Ҳар як санъаткор дар олами санъат мебояд, ки ҷодаи хоссаи худро пайдо кунад, инчунин, ҳофиз аз сурудхонӣ мақсаде дошта бошад. Сурудҳои пандомӯзро бештар мехонам, то онҳо ба ҷавонон таъсир кунад ва наврасон дар зиндагӣ ҳар чӣ камтар ба хато роҳ диҳанд.
– Шумо ҳофизи касбӣ ҳастед, ки аллакай симои эҷодии худро пайдо кардааст. Чаро дар Самарқанд бисёр ҳофизҳо роҳи худро наҷуста, бо тақлидкорӣ умри азизро барбод медиҳанд?
– Дуруст. Ҳар ҳофиз роҳи худро пайдо карданаш лозим. Ба дигарон тақлид карда суруд хондан кори хуб. Тақлидкорӣ осон аст, аммо дар санъат роҳи хоссаи худро пайдо кардан кори сахту заҳматталаб мебошанд. Агар ҳар як ҳофиз бо лаҳни хеш суруд хонад, танҳо дар он сурат ба дили мухлисон роҳ пайдо мекунад. Албатта, мо устодонро эҳтиром мекунем, аз санъаткорони номвари имрӯза ё даргузашта меомӯзем, аммо то санъаткор роҳи хешро пайдо накунад, ӯро санъаткори ҳақиқӣ, баркамол хондан мумкин нест.
– Хуб. Шуморо киҳо дар қадамҳои нахустин дар ҷодаи санъат дастгирӣ кардаанд? Яъне ба Шумо ҳаққи устодӣ доранд?
– Устоди нахустинам тағоям Ҳоҷиқурбон Абулфайзов буданд. Ҳамаи комёбиҳо, дастовардҳоям аз шарофати эшон аст. Сурудҳои Ҷӯрақул Солеҳовро дӯст медорам, аз Оҳалик устодам Ҳазратқул Ҳамроқулов мебошанд.
– Шогирду пайравон ҳам доред?
– Шукри худо, шогирдон бисёранд. Масалан, худатон хуб медонед, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Мардон Мавлонро. Бо вай солҳои бисёр ҳамроҳ кор кардем. Боз Талъатҷон Шоҳбаротов, Салимҷон Ғиёсов, Мурод Эргашев ҳастанд, ки мояи ифтихор ва сарбаландии мо мебошанд. Бисёрии онҳо худ ба мартабаи устодӣ расидаанд.
– Ба фикри Шумо аз фонограмма истифода бурдани санъаткор зарур аст? Онро дар кадом маврид истифода намудан мумкин?
– Ман ба истифодаи фонограмма муқобил ҳастам. Санъаткори асил бо овоз, оҳанги худ аз салиқаи хеш истифода бурда, бе истифода аз фонограмма сурудҳояшро бояд иҷро кунад.
– Дар оянда бо кадом сурудҳои наву тоза мухлисон, ҳаводорони худро шод карданӣ ҳастед?
– Ман сурудҳои классикиро аз шеъҳои Ҷалолиддини Румӣ, Нақибхон Туғрал, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон мехонам. Дар оянда ҳам аз эҷодиёти онҳо истифода хоҳам кард.
Ҳоло сурудеро аз ашъори Шамсӣ Табрезӣ омода мекунем, ки чунин мисраъҳо дорад:
Агар ту шоҳи Канъонӣ, в‑агар Ҷолусу Луқмонӣ,
Агар зиштӣ ва зебоӣ ба вақти марг дармонӣ.

Боз аз китоби Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, ки бо тахаллуси Ниҳонӣ ба забони тоҷикӣ шеър гуфтааст, сурудеро ҳозир карда истодаам, ки бо матлаи: «Дар шаби торики ман он моҳи тобонам куҷост…» оғоз меёбад.
Сурудҳо тайёр шаванд, манзури ҳаводорони гиромиқадр менамоем…

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ