Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: Ҷаҳон нисфи роҳи пандемияро паси сар кард


Ҳанс Клюге, мудири идораи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо гуфт, ки танҳо дар сурати назорати фаъоли беҳсозӣ (профилактика), карантин ва вирус пандемия ақибнишинӣ мекунад.
Ӯ афзуд, “Чунин вирусҳо тақрибан 2 сол рушд мекунанд, ба ин далел, мо ҳоло дар ними роҳем”.
Клюге гуфт, ки пешгӯии рушди вазъияти марбут ба коронавирус барои СҶТ душвор аст.
Бино ба маълумоти охирин, дар саросари ҷаҳон шумори мубталоёни коронавирус беш аз 79,8 миллион нафар аст. тақрибан 1 миллиону 752 ҳазор нафар қурбони вирус шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ