Дар ғарби Ҳабашистон 222 нафар қурбони ҳамлаи мусаллаҳона шуданд


Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона ба ғарби Ҳабашистон 222 нафар кушта шуданд. Дар ин бора Reuters хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҷангҷӯёни қавми гумуз рӯзи 23 декабр ба деҳаи Бекоҷи ҳамла кардаанд. Дар ин деҳа қавмҳои шинаш ва амхар зиндагӣ мекунанд.
Ҳукумати Ҳабашистон баъди ҳамлаи ҷангҷӯён ба ин минтақа нерӯҳои мусаллаҳро ворид кард. Дар натиҷаи амалиёти махсус беш аз 40 нафари ҳамлакунандагон кушта шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ