Дар ИМА ваксинаи Moderna корманди тиббиро дучори тахикардия ва карахтӣ кард


Дар ИМА ваксинаи зидди коронавируси ширкати Модерна як корманди тиббиро дучори карахтӣ ва тахикардия – афзоиши дардноки зарабони қалб кард. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN хабар дод.
Доктор Ҳусайн Садрзода, гуфт, ки ӯ баъди укол ҳисси монанд ба аллергияро эҳсос кардааст.
Ҳамчунин, шифокор тахикардия – афзоиши зарабони қалбро ва карахтии забону гулӯро эҳсос кард. Илова бар ин, фишори хуни ӯ паст шуд. Садрзода аввал доруи EpiPen хӯрд, аммо ин кофӣ набуд ва ӯро ба шӯъбаи эҳё интиқол доданд. Баъди чор соат шифокор шӯъбаи эҳёро тарк кард.
Садрзода ҳолати худро чунин тавзеҳ дод, “Ин пеш аз ҳама натиҷаи тарсе буд, ки баъди донистани ман дар бораи вокуниши (реаксия) ваксинаи Pfizer ба одамони мубталои аллергия ба мисли ман пайдо шуд”.
Ёдовар мешавем, чанде пеш ваксинаи Pfizer баъди эмкунии як корманди тиббӣ дар Аляска низ чунин вокунише нишон дода буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ