«АДАБИЁТ ЗИНДА – МИЛЛАТ ЗИНДА»

Ин сухани шоир ва маорифпарвар Абдулҳамид Чӯлпон дар маҳфили ёдбуде, ки чанде қабл дар толори маҷлисҳои Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон бахшида ба 100-умин солгарди зодрӯзи адиби саршиноси муосир Асқад Мухтор баргузор шуд, чанд бор садо дод. Воқеан, агар шоир ва нависандагони ин ё он миллат бо забони модарии худ асар эҷод накунанд, миллат мемирад.
Дар маҳфили ёдбуд шоирон, нависандагон, адабиётшиносон, аҳли оилаи адиб ва донишҷӯён ширкат ҷустанд.
Гирдиҳамоии пуршукӯҳро раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, шоир Сироҷиддин Саид ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Ӯ аз ҷумла изҳор дошт: ҳамаи мо шоҳидем, ки тайи ду-се соли охир, дар баробари бунёдкории азиме, ки дар мамлакат ба амал татбиқ мегарданд, эътибор ба адибу адабиёт кам нагаштааст. Ба истифода супурда шудани бинои наву замонавии Иттиҳоди нависандагон, барпо гардидани «Хиёбони адибон», нашри осори адибон, баргузории ҷашнҳои солгарди шоиру нависандагон далели ин гуфта аст.
Имрӯз мо 100-умин солгарди яке аз адибони саршинос, устод Асқад Мухторро таҷлил менамоем.
Адабиётшинос Иброҳим Ғафуров изҳор дошт, ки Асқад Мухтор аз насли миёнаи нависандагони ӯзбек мебошад, ки дар қатори Шукрулло, Саид Аҳмад, Ҳамид Ғулом, Рамз Бобоҷон, Туроб Тӯла ва дигарон бо осори мондагори хеш ба ғановати адабиёти муосири ӯзбек афзудааст.
Асқад Мухтор 23 декабри соли 1920 дар Фарғона, дар оилаи роҳи оҳанчӣ ба дунё омад. Дар 11-солагӣ ятим монда, дар хонаи бачаҳо тарбия ёфт. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (ҳоло Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон) дар пойтахт кору зиндагӣ кард.
Ӯ солҳои тӯлонӣ бори сармуҳарририи маҷаллаҳои «Шарқ юлдузи», «Гулистон» ва рӯзномаи «Адабиёт ва санъат»-ро бар дӯш дошт.
Асқад Мухтор аз зумраи адибонест, ки синфи коргарро ба адабиёт ворид намудаанд. Дар достони «Пӯлодгудоз», силсилашеърҳои «Ҳамшаҳриён», маҷмӯаи очерку ҳикояҳои «Шаҳри пӯлод» ва романи «Хоҳарон» ташаккулёбии синфи коргар ва бедории занон ба қалам дода шудааст. Романи «Таваллудёбӣ»-и ӯ аз иштироки ҷавонон дар яке аз сохтмонҳои бузург ҳикоя мекунад. Барои ба воқеияти зиндагӣ наздик шудани тасвирҳояш Асқад Мухтор худ ба сохтмонҳо рафта хишт чидааст…
Романи ӯ «Чинор» дар байни халқ маҳбубияти зиёд дорад. Достонҳои адиб «Қиссаи қароқалпоқ» ва «Абадият» мавзӯи таърихию инқилобиро дар бар гирифтаанд.
Асқад Мухтор ба сифати тарҷумон осори А. С. Пушкин, М. Ю. Лермонтов, М. Горкий, В. В. Маяковский, А. А. Блок, Т. Г. Шевченко ва дигаронро бо маҳорати зиёд ба забони ӯзбекӣ баргардондааст.
Аҳамияти песаҳои А.Мухтор «Қуллаи мардӣ», «Ба некӣ – некӣ», «Самандар» дар он аст, ки ӯ дар онҳо ҳаёти бачаҳо ва синфи коргарро равшан намудааст.
Китоби шеърии «Аз таҳти дил», маҷмӯаи ҳикояҳои «Даъват ба ҳаёт» ва «Бачаҳои дунё»-и адиб ба ғановати хазинаи адабиёти бачагон афзудаанд.
А.Мухтор истиқлолияти Ӯзбекистонро бо рӯҳбаландӣ пешвоз гирифт. Дареғ, 17 апрели соли 1997 зиндагиро падруд гуфт. Вале ӯ бо осори мондагор, тафаккуру ҷаҳонбиниаш дар байни халқ зинда аст.
Адабиётшинос ва драматург Шуҳрат Ризоев, ҳамкорон ва шогирдони адиб Маматқул Ҳазратқулов, Камол Матёқубов, Вафо Файзуллоҳ ва дигарон доир ба одоби муошират, хоксорӣ ва чашмикордонии мавсуф суханони ибратпазир ба миён оварданд. Нашри дуҷилдаи осори адиб, ки бо муқоваи муҷалло чоп шудааст, барои ҷашн дастовези хуб буд.
Дар поёни гирдиҳамоӣ писари нависанда, доктори илмҳои филологӣ, профессор Элдор Мухтор ба ҳозирин барои қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба адиб арзи сипос намуд.

(Мухбири худамон).
Суратгир: М. АМИН (ӮзА).

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ