Варзиш

Ифтихори мураббӣ

Солҳои охир дар мамлакатамон, аз ҷумла дар вилоятамон ба ривоҷи тамо¬ми намудҳои варзиш эътибори ҷудого¬на дода мешавад. Аз ҳамин сабаб вар¬зишгарони мо дар мусобиқаҳои ҷаҳон, қитъа, байналхалқӣ фаъол иштирок намуда, байрақи мамлакатро баланд мебардоранд.
Ҳангоми аз варзишгарон гириф¬тани блитс – интервю як чиз эътибо¬рамонро ба худ кашид. Онҳо пеш аз ҳама мураббиёни худро ном гирифта, ба онҳо миннатдорӣ баён карданд ва ин албатта бесабаб нест. Мураббиён баробари омӯхтани асрори ин ё он на¬муди варзиш ба шогирдон низ тарбия медиҳанд. Онҳо варзишгаронро аз нос ва сигоркашӣ барин иллатҳои бад дур мекунанд. Дар ҳама ҷой, чӣ дар макта¬бу коллеҷҳо, чӣ дар таълимгоҳҳои олӣ варзишгаронро қадр мекунанд. Му¬раббиён аз муваффақияти шогирдон болида, бо онҳо ифтихор мекунанд.
Дар маҳаллаи Боғибаланди шаҳри Самарқанд мураббии 44-солаи шӯъбаи самарқандии Федератсияи FUDOKAN KARATE DO – и Ӯзбекистон, устоди вар¬зиш, соҳиби камари сиёҳи дараҷаи III Шукрулло Раҳимовро нағз мешино¬санд. Охир ӯро нашинохта ҳам меша¬вад? Дар мактаби таълими ҳамагонӣ дар ҳафта 3 рӯз ба хоҳишмандон ҳуна¬ри каратеро бепул омӯхтан на кори ҳар инсон аст. Бале, ӯ чоряк аср ин ҷониб бегоҳирӯзиҳо дар толори варзишии мактаби таълими умумии рақами 70-и шаҳр ба хоҳишмандони аз 5-сола боло асрори KARATE DO ро меомӯзад. Дар толори варзишии ҳавлиаш ҳам таъ¬лими пулакиро ба роҳ мондааст. Вай дар Самарқанд аз рӯйи ин намуд ҳака¬ми ягонаи дорои тоифаи ҷумҳуриявӣ мебошад. Имрӯзҳо ӯ дар вақти холии худ ба ронандагӣ машғул аст.
Ш. Раҳимов соли 1990 чемпиони собиқ Иттиҳоди шӯравӣ шуда, устоди варзиши иттифоқро ба даст оварда буд. Солҳо дар мактаби таълими уму¬мии рақами 70 –и шаҳри Самарқанд аз фанни тарбияи ҷисмонӣ дарс дод. Ӯ дар зодгоҳаш, маҳаллаҳои гирду атроф ва ноҳияҳои Ургуту Тайлоқ, Пайариқу Қӯшработ садҳо нафар шогирдон до¬рад.
Истилоҳи KARATE ба мо аз Япония омада, 7 намуд дорад ва беҳтаринаш KARATE DO аст, ки маънои санъати дасти холӣ ва асос, қалъа (DO)-ро до¬рад. Дар он варзишгарон соҳиби ка-марҳои сафед, зард, зангор, кабуд (1 ва 2) ҷигарранг, 1,2, 3) сиёҳ (дараҷаҳои 1-10) шуданашон мумкин аст.
Аз шогирдонаш 12 нафар соҳиби камари сиёҳи дараҷаи I мебошанд. Инҳо ҳуқуқи мураббигӣ карданро до¬ранд.
Шогирдонаш дар мусобиқаҳои бай¬налхалқии давлатҳои Россия, Украина, Беларус, Туркия, Франсия, Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок кардаанд.
Аз ҷумла, Парвиз Нуруллоев чем¬пиони секаратаи Ӯзбекистон, ҷоиза¬дори мусобиқаи байналхалқӣ, соҳиби камари сиёҳи дараҷаи I мебошад. Ӯ 10 сол ин ҷониб бо ин намуди варзиш шуғл меварзад ва имрӯзҳо толибилми коллеҷи иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Самарқанд аст. Шогирди 7-солааш Ҳа¬бибулло Қамариддинови қӯшроботиро падараш ҳафтае 3 маротиба аз Қӯшра¬бот барин ҷойи дур меорад. Ӯ аъзои ҷамоаи яккачини мамлакат буда, 2 ма¬ротиба чемпиони Ӯзбекистон шудааст. Вай моҳи оянда барои иштирок дар мусобиқаи байналхалқии «PARIJ OPEN» ба Франсия меравад. Ҳасан ва Ҳусейн Толибовҳои боғибаландии 13 –сола имсол ҷорӣ дар чемпионати Ӯзбеки¬стон иштирок карданд.
– Аз онҳое, ки ба шогирдӣ қабул ме¬кунам 5 чизро талаб мекунам, – мегӯяд мураббии пуртаҷриба Шукрулло Раҳи¬мов. – Инҳо ба тартибу интизом қатъӣ риоя намудан, дар толори варзишӣ худдорӣ кардан, аз иллатҳои бад дур будан, дар мактаби худ бо баҳоҳои хубу аъло хондан мебошад. Ба тартибвай¬ронкардагон ҷазои варзишӣ медиҳам. Аз муваффақиятҳои шогирдон фахр мекунам.

Ҷамшеди АСРОР

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ