Трамп: Карантин бештар аз коронавирус зарар мерасонад


Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА таъкид кард, ки ҷорӣ шудани карантин дар баъзе аз иёлот бадтар аз коронавирус аст.
Трамп дар сафҳаи худ дар Твиттер навишт, “Карантин, ки дар иёлоти зери ҳукумати демократҳо ҷорӣ шуд, зиндагии бисёреро аз мароми худ берун мекунад. Ин бадтар аз зарари вируси чинӣ аст. Бо вуҷуди карантин шумори беморон дар Калифорния афзоиш ёфт, дар Флорида ва дигар иёлот, ки карантин нест, вазъият беҳ аст”.
Бино ба хабари донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс, шумори мубталоёни коронавирус дар ИМА беш аз 18,8 миллион нафар аст. 330,6 ҳазор нафар мубталои коронавирус шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ