Дар Австрия савумин бор карантини миллӣ ҷорӣ гардид


Ҳукумати Австрия дар як сол савумин бор карантини миллӣ эълон кард. Дар ин бора Евронюз хабар дод.
Дар кишвар мағозаҳои маҳсулоти дувумдараҷа, меҳмонхона ва музейҳо баста мешаванд. Одамон танҳо бо сабаби ҷиддӣ метавонанд ба кӯча раванд. Ҳар гуна ҷамъомад мамнӯъ шуд. Аҳолии Австрия соли навро дар хонаи худ пешвоз хоҳанд гирифт. Донишомӯзон баъди таътил дарсҳоро ба таври онлайн идома медиҳанд.
Ин маҳдудиятҳо ҳадди ақал то 18 январ идома хоҳад ёфт.
Ҳукумат таъкид мекунад, ки бо вуҷуди ҷорӣ шудани карантин вазъи кишвар нисбат ба ҳамсояҳо беҳтар аст ва карантин чораи пешгирона барои роҳ надодан ба мавҷи навбатии коронавирус то оғози ваксиназанӣ аст.
Ҳукумати Австрия дар тобистони соли оянда “бозгашт ба ҳаёти маъмулӣ”-ро пешбинӣ мекунад. Карантини ҷоришуда “нахустин қадам” ба ин ҷараён гуфта мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ